Дар чанд ҷумла
Беш аз 20 миллиард сомонӣ – буҷети соли ояндаи Тоҷикистон

Вазорати молияи Тоҷикистон тарҳи буҷети кишварро барои соли 2018 таҳия кардааст, ки бахши умдаи хароҷоташ ба соҳаи маориф ва тандурустӣ сарф хоҳад шуд. Дар Вазорати молия рӯзи 26-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки тарҳи буҷети кишвар бо ҳамаи вазорату идораҳо мувофиқа шудааст.
Буҷети соли 2018-и Тоҷикистон бо даромади 20 миллиарду 643 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Бар асоси ин нақша, даромадҳои буҷет нисбат ба соли равон бояд 7,5 дарсад бештар шавад.
Масъулони таҳияи буҷети Тоҷикистон мегӯянд, ки каср ё камомади буҷет дар соли оянда 334 миллион сомонӣ баробар бо 0,5 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аст.
Тарҳи буҷети кишвар дар сурати тасвиб шудан аз ҷониби ҳукумат то анҷоми моҳи октябр ба порлумон барои баррасӣ фиристода хоҳад шуд. Дахлу харҷи буҷети Тоҷикистон дар шакли кунунӣ дар сурате иҷро хоҳад шуд, ки таваррум дар сатҳи 7 дарсад ва рушди иқтисод низ то ба 7 фисад бирасад.
Буҷети Тоҷикистон дар соли ҷорӣ 19,5 миллиард сомонӣ аст, аммо хароҷоташ 19,6 миллиарду 100 миллион сомонӣ, яъне бештар аз даромадҳояш аст.
Масъулони Вазорати молияи Тоҷикистон гуфта буданд, ки камомади даромадҳои буҷетро аз ҳисоби фурӯши амволи давлатӣ ва қарзу гранти созмонҳои байналмилалӣ пур хоҳад кард.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Путин қонуни навро дар бораи назорати муҳоҷирон имзо кард

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия 23-юми май қонуни назорати муҳоҷиронро тавассути телефон имзо кард. Ин қонун муҳоҷиронро дар шаҳр ва вилояти Маскав муваззаф мекунад, ки тариқи барномаи махсуси телефонӣ, дар куҷо будани худро ба сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ хабар диҳанд.
Бар асоси ин санад, сар аз 1-уми сентябри имсол дар шаҳри Маскав ва вилояти ҳамноми он, таҷрибаи нав дар бораи макони ҷойгиршавии муҳоҷирон ҷорӣ мешавад. Агар мақомоти Русия дар муддати се рӯз ё бештар аз он дар бораи дар куҷо будани муҳоҷир маълумот нагиранд, пас ин шаҳрванди хориҷӣ ба рӯйхати шахсони зери назорат ворид карда мешавад. Ворид шудани номи шахс ба ин рӯйхат будубоши ӯро дар Русия манъ мекунад.
Ба ҷуз муҳоҷирон, тартиби нав барои ҳама шаҳрвандони хориҷие амалӣ карда мешавад, ки ба муддати зиёда аз 90 рӯз вориди Маскав ва вилояти ҳамноми он мешаванд. Ин тартиб дар навбати аввал ба муддати чор сол ва танҳо дар вилоят ва шаҳри Маскав амалӣ мешавад.
Дар назар аст, ки сар аз соли 2029 ин муқаррарот дар тамоми Русия ҷорӣ шавад.Баъди соли 2024 Русия барои муҳоҷирон қонунҳои сахтгирона ҷорӣ кард.
Украина ва Русия ду ҳазор асирро иваз карданд

Рӯзи 25-уми май Русия ва Украина табодули асиронро дар формати “1000 ба 1000” ба анҷом расониданд. Асиронро дар се навбат иваз карданд.
Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украина дар Телеграм навишт, "мо ҳатман ҳама асиронро бармегардонем".
Табодули асирони ҷангӣ ва шаҳрвандони асирафтода тибқи формулаи “1000 ба 1000”, дар музокироти ҳайатҳои Украина ва Русия дар Истанбул мувофиқа шуда буд. Ин нахустин музокироти мустақими ду кишвар дар се соли ахир буд.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳои русӣ ва украинӣ гузориш доданд, ки баробар бо табодули асирон, ҳамлаҳои густурдаи Русия ба Украина бо мушакҳои баллистикӣ ва паҳпод ба сӯи ҳамдигар анҷом шуд.
Мақомоти Украина мегӯянд, аз моҳи марти соли 2022 то ин замон, 5 757 шаҳрванди Украина аз асорати Русия озод шудаанд.
Кушта шудани 9 кӯдак дар Ғазза. Исроил ваъдаи таҳқиқ дод

Артиши Исроил гуфт, гузоришҳо дар бораи кушта шудани 9 кӯдак дар шаҳри Хон-Юнисро таҳқиқ мекунад.
Ба гуфтаи намояндагони гуруҳи "Ҳамос", рӯзи 24-уми май дар ҳамлаи ҳавоии артиши Исроил ба ҷануби Навори Ғазза, 9 кӯдак кушта шудааст. Гуруҳи "Ҳамос" дар Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ шинохта шудааст.
Ба гузориши Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандии Ғазза, ки зери назорати “Ҳамос” кор мекунад, кӯдакони кушташуда аъзоёни як оила буданд. Падари ин хонавода Ҳамдӣ ал-Наҷор ва ҳамсараш пизишк будаанд.
Маҳмуд Бассол, як намояндаи Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандии Ғазза гуфтааст, ҷасади кӯдакон аз зери харобаҳо пайдо шуд. Чанд нафари онҳо сӯхтаанд. Падари хонавода ва як кӯдаки даҳсолааш бо захмҳои вазнин зинда мондаанд. Онҳоро ба беморхонаи “Носир” интиқол додаанд.
Артиши Исроил ҳамла ба Хон Юнисро расман тасдиқ карда гуфт, мушак аз як ҳавопаймои бесарнишин "ба чанд гумонбар дар як бино бархӯрд.” Дар ин маҳалла неруҳои исроилӣ мустақар будаанд. Низомиёни Исроил мегӯянд, Хон-Юнис "минтақаи ҷангии хатарнок" аст ва маълумот дар бораи талафоти эҳтимолии ғайринизомиён "тафтиш карда мешавад".
Аврупо 20 бонки русиро аз низоми SWIFT маҳрум карданист

Иттиҳоди Аврупо ният дорад, ки зиёда аз 20 бонки Русияро аз низоми байнулмилалии SWIFT берун кунад. Дар ин бора Оҷонсии Bloomberg бо такя ба манобеаш хабар додааст.
Ба қавли ин манбаъ, маҳрум кардани зиёда аз 20 бонки русӣ аз низоми SWIFT, дар доираи бастаи нави таҳримҳои ИА алайҳи Маскав пешбинӣ шудааст.
Ба ҷуз ин, Иттиҳоди Аврупо эҳтимол нархи ҳар барел нафти Русияро аз 60 доллар то 45 доллар кам кунад. Бунёди хатти интиқоли гази “Ҷараёни шимол” шояд манъ шавад.
Ҳамчунин ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои нави тиҷоратӣ ба маблағи ҳудуди 2,5 миллиард доллар дар баррасии Иттиҳоди Аврупо аст. Ҳадаф аз ин, коҳиши даромади Русия ва маҳдуд кардани дастрасии он ба фанновариҳои низомӣ аст.
Ба гузориши Bloomberg, Комиссияи Аврупо дар бораи таҳримҳои нав алайҳи Маскав, бо аъзоёни Иттиҳоди Аврупо гуфтугӯ дорад. Санаи эълони таҳримҳои нав ҳанӯз маълум нест.
SWIFT низоми байнулмилалии бонкӣ аст. Баъди таҷовузи Русия алайҳи Украина дар феврали соли 2022, Амрико ва Иттиҳоди Аврупо даҳҳо бонки русиро аз SWIFT берун карданд. Вале сарфи назар аз ин, ба гуфтаи мақомоти Русия то охири соли гузашта қариб 200 бонки русӣ ба низоми SWIFT дастрасӣ доранд.
Истиқболи Туркия аз лағви таҳримҳо алайҳи Сурия

Туркия аз тасмими Амрико ва Иттиҳоди Аврупо барои бекор кардани таҳримҳо алайҳи Сурия истиқбол кард. Ин нукта дар дидори Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия ва Аҳмад аш-Шаръ, раҳбари муваққатии Сурия садо дод. Ин вохӯрӣ 24-уми май дар Истанбул баргузор шуд.
Ба гузориши расонаҳои маҳаллии Туркия ва Сурия, Эрдуғон ва Аҳмад Шаръ дар бораи бозсозии Сурия ва ҳамкориҳои амниятӣ гап задаанд.
Рӯзи 23-юми май маъмурияти Доналд Трамп аз бекор шудани баъзе таҳримҳо алайҳи Сурия ва содир шудани иҷозатнома барои сармоягузорӣ дар ин кишвар хабар дод. Иттиҳоди Аврупо низ ҳафтаи гузашта бо лағви тадриҷии таҳримҳо алайҳи Димишқ мувофиқат кард.
Таҳримҳои Амрико ва Иттиҳоди Аврупо зидди режими президенти пешин Башор Асад ҷорӣ шуда буданд, ки моҳи декабри соли гузашта аз қудрат барканор гардид.
Дар ҳамлаи Русия ба Украина се наврас ҳалок шудаанд

Рӯзи 25-уми май дар пайи ҳамлаи неруҳои Русия ба вилояти Житомир, воқеъ дар шимолу ғарби Украина 3 наврас ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора Хадамоти давлатии ҳолатҳои фавқулодаи Украина хабар додааст. Қурбониён 8, 12 ва 17 сола будаанд.
Ба гуфтаи мақомоти Украина, дар ин ҳамла 10 каси дигар маҷруҳ шудааст, ки дар беморхона бистарӣ шуданд. "Чанд хонаи сокинон ҳам хароб шуданд,"-омадааст дар хабарномаи расмӣ.
Дар ноҳияи Бердичевскийи вилояти Житомир ду кас, азҷумла як кӯдак захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти Украина, дар ин ҳамла як бинои панҷошёна ва чанд хонаи дигар зарар диданд.
Sky News: Русия ба Харков 50 ҳазор сарбози иловагӣ мефиристад

Русия талош дорад 50 ҳазор сарбозро ба хатти ҷанг дар вилояти Харкови Украина фиристад. Дар ин бора телевизиони Sky News хабар додааст.
Ба гузориши ин расона, то фаро расидани сардиҳо Маскав ҳамагӣ чор моҳ фурсат дорад, ки хатти дифои Украинаро дар вилояти Харков шиканад.
Манобеъ дар артиши Украина гуфтаанд, фармондеҳони Русия барои як ҳамлаи калон омода мешаванд.
Мақомоти Русия гузориши Sky News-ро шарҳ надодаанд.
Пештар президенти Украина Владимир Зеленский бори дигар дигар аз ИМА ва шарикони Киев дархост кард, ки фишор ва таҳримҳо алайҳи Русияро сахтар кунанд, то Маскав ба оташбас тан диҳад. Изҳороти Зеленский дар ҳоле садо дод, ки артиши Русия шаби 24-уми май бо даҳҳо мушаки баллистикӣ ва паҳпод ба шаҳрҳои Украина ҳамла кард.
Расонаҳо аз ихтисори даҳҳо корманди Шӯрои амнияти ИМА хабар доданд

Маъмурияти президент Доналд Трамп ба ихтисори васеи кормандони Шӯрои амнияти миллии Амрико шуруъ кардаанд. Ба гузориши нашрияи Вашингтон пост, хабаргузории "Ройтерс" ва телевизиони CNN, даҳҳо кормандро аз кор ҷавоб медиҳанд.
Ба гузориши CNN, зиёда аз сад корманди Шӯрои амнияти ИМА ба рухсатии маъмурӣ фиристода шудаанд. "Ройтерс" менависад, дар миёни онҳо мутахассисон оид ба масъалаҳои байнулмилалӣ ҳам ҳастанд. Ин кормандон бегоҳи 23-юми май огоҳӣ гирифтаанд, ки корашонро аз даст медиҳанд.
Ихтисори кормандони Шӯрои амнияти Амрико баъди таъини Марко Рубио ба мақоми мушовири амнияти миллӣ таъин шуд. Рубио дар ин мақом ҷойгузини Марко Уолтс шуд, ки баъди фош шудани нақшаи ҷанг алайҳи ҳусио мақомашро тарк кард.
Тарафдорони кам кардани кормандон дар Шӯрои амнияти Амрико мегӯянд, ин ниҳод дар давраи президентони қаблӣ корманди зиёдро ҷалб кардааст. Дар даврони Ҷорҷ Буши хурдӣ дар Шӯрои амнияти ИМА 204 нафар кор мекард. Барак Обама шумораи кормандонро то 222 кас зиёд намуд ва бо омадани Ҷо Байден теъдоди кормандон то 186 кас кам шуд.
Маъмурияти Трамп ҳоло ният дорад, ки шумораи кормандони Шӯрои амнияти ИМА-ро то 50-60 кас кам кунанд.
Амрико як қисм таҳримҳоро алайҳи Сурия бекор кард

Маъмурияти Доналд Трамп аз бекор шудани баъзе таҳримҳо алайҳи Сурия ва содир шудани иҷозатнома барои сармоягузорӣ дар ин кишвар хабар дод. Дар иттилоияи Кохи Сафед аз рӯзи 23-юми май омадааст, ин иқдом бо ҳадафи бозсозии Сурия пас аз солҳо ҷанги дохилӣ анҷом шудааст.
Ҳамзамон Кохи Сафед аз Димишқ хостааст, то ихроҷи ҷангҷӯёни хориҷиро оғоз кунад.
Вазорати хориҷаи Амрико 23-юми май бо судури як муҷаввиз эълон кард, ки додугирифти молӣ бо давлати муваққати Сурия, бонки марказӣ, бахши ҳавонавардӣ ва ширкатҳои давлатии Сурия иҷозат аст.
Рӯзи 13-уми май Доналд Трамп дар сафараш ба Арабистони Саудӣ эълон кард, ки Вашингтон таҳримҳо алайҳи Сурияро бекор мекунад. Ин таҳримҳо зидди режими президенти пешин Башор Асад ҷорӣ шуда буданд, ки моҳи декабри соли гузашта аз қудрат барканор гардид.
$100=1010 сомонӣ. Қурби доллар дар Тоҷикистон якбора паст шуд

Қурби доллари амрикоӣ дар баробари асъори миллии сомонӣ ин ҳафта ба таври назаррас поён рафтааст. Рӯзи 24-уми май тибқи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон, 100 доллар ба 1022 сомонӣ баробар аст. Аввали ин ҳафта 100 доллар 1037 сомонӣ арзиш дошт.
Дар бонкҳои тиҷоратӣ бошад қурби доллар аз ин ҳам пастар аст. Рӯзи 24-уми май дар бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон 100 доллар аз 1005 то 1010 сомонӣ арзиш дорад. Давоми се соли ахир қурби доллар дар баробари сомонӣ то ин ҳад паст нашуда буд.
Бонки миллии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратӣ якбора паст шудани қурби долларро шарҳ надодаанд. Вале арзиши доллар дар ҳоле дар Тоҷикистон паст мешавад, ки ахиран қурби доллар дар баробари рубли русӣ ҳам поён рафт. Тибқи қурби расмии Бонки марказии Русия, 22-юми май як доллар ба 79,34 рубл баробар аст. Ба навиштаи РБК, давоми ду соли ахир ин бори аввал аст, ки арзиши 1 доллар аз 80 рубл поён мешавад.
Поёнравии қурби доллар аз оғози моҳи апрел оғоз шуд. Баъзе иқтисодшиносон ин вазъро ба таърифаҳои ҷорикардаи маъмурияти Доналд Трамп рабт медиҳанд. Дар оғози моҳи апрел маъмурияти Доналд Трамп барои молу колои 185 кишвари ҷаҳон таърифа (тариф, тарофа) ё боҷи гумрукӣ ҷорӣ кард.
Қурби рубли русӣ, ки барои муҳоҷирони тоҷик ва наздикони онҳо муҳим аст, ин ҳафта дар Тоҷикистон бетағйир буд. Феълан ҳазор рубли русӣ дар бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон ба 127 сомонӣ баробар аст.
Бо вуҷуди он ки мақомоти Тоҷикистон вазъи асъори хориҷиро ба тақвияти пули миллӣ низ рабт медиҳанд, ба сурати умум бозори пули Тоҷикистон ба қурби рубли Русия, доллари Амрико ва юани Чин бастагии зиёд дорад.
Музокироти Амрико ва Эрон "бидуни натиҷаи қатъӣ" ба поён расид

Даври панҷуми музокироти ИМА ва Эрон бар сари барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ рӯзи 23-юми май дар шаҳри Рум баргузор шуд. Музокирот бо миёнҷигии Уммон ва дар қароргоҳи сафири ин кишвар тақрибан ду соат давом кард.
Бадр ал-Бусаъидӣ, вазири хориҷии Уммон гуфт, “ин даври музокирот бо бархе пешрафтҳо, аммо бидуни натиҷаи қатъӣ поён ёфт.”
Ӯ ибрози умедворӣ кардааст, ки “рӯзҳои наздик масъалаҳои боқимонда аниқ мешаванд ва ин имконият медиҳад, ки барои дастёбӣ ба тавофуқи пойдор пеш равем.”
Дар ҳамин ҳол хабаргузории Садо са Симо якуним соат пас аз оғози музокирот гузориш дод, ки фиристодаи вижаи ИМА Стивен Уиткофф “бо сабаби парвоз маҳалли музокиротро тарк кард.”
Хабаргузории “Ройтерс” аз қавли як манбаи манбаи наздик ба тими музокиракунандаи эронӣ гузориш дод, ки “интизор меравад гуфтугӯи Эрон ва Амрико идома пайдо кунад. Замон ва макони музокироти баъдиро тарафи Уммон таъйин мекунад.”
Як мақоми аршади амрикоӣ низ гуфтааст, гуфтугӯ бо Эрон “созанда” буд, вале “ҳанӯз корҳое аст, ки бояд анҷом шаванд.”
Даври панҷуми музокироти ИМА ва Эрон дар ҳоле баргузор шуд, ки баҳсҳои ду тараф бар сари барномаи ҳастаии Ҷумҳурии исломӣ боло гирфтааст. ИМА талаб дорад, ки Эрон аз ғанисозии уран даст кашад, то ки барномаи ҳастаиаш роҳро барои эҷоди силоҳи атомӣ боз накунад. Вале мавзӯи ҳифзи ғанисозии ураниум баръакс, аз назари Эрон усулӣ аст.
Дар ҳамин ҳол, қудратҳои аврупоӣ таҳдид карданд, ки дар сурати адами созиш бо ИМА то охири моҳи июл, таҳримҳои соли 2015-и СММ алайҳи Эрон баргардонида мешаванд.
Ҳушдори Трамп: бар молҳои Аврупо 50 дарсад таърифа мебандем

Президент Доналд Трамп хабар дод, ки Вашингтон аз 1-уми июн метавонад барои молу маҳсулот аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо 50 дарсад таърифа ё боҷи гумрукӣ ҷорӣ кунад.
Трамп дар шабакаи иҷтимоиаш TruthSocial навишт, "монеаҳои азими тиҷоратии онҳо, андоз аз арзиши иловашуда, ҷаримаҳои хандаовар барои ширкатҳо, маҳдудиятҳои тиҷоратӣ, даъвоҳои беадолатона ва беасос алайҳи ширкатҳои амрикоӣ,” боиси касри тиҷорат бо ИМА дар ҳаҷми 250 миллион доллар дар сол шудааст.
Раиси ҷумҳури Амрико таъкид кардааст, ки "гуфтушуниди мо бо онҳо ба ягон ҷойе намерасад!"
Ба гузориши маҷаллаи Politico, изҳороти Трамп чанд соат пеш аз гуфтугӯҳои телефонии Комиссари тиҷорати Аврупо Марош Шефчович ва намояндаи тиҷоратии ИМА Ҷеймисон Грир садо дод.
Дар оғози моҳи апрел маъмурияти Доналд Трамп барои молу колои 185 кишвари ҷаҳон таърифа (тариф, тарофа) ё боҷи гумрукӣ ҷорӣ кард. Азҷумла Трамп барои маҳсулоти Иттиҳоди Аврупо 20 дарсад таъин карда буд.
"Русия қариб 110 ҳазор сарбозро дар Украина талаф додааст"

Русия аз оғози ҷанг дар Украина 109 ҳазору 625 сарбоз ва низомиёнашро аз даст додааст. Ин оморро бахши русии Би Би Си, вебсайти "Медиазона" ва гурӯҳе аз ихтиёриён ҷамъоварӣ кардаанд.
Ба қавли ин манбаъ, танҳо давоми ду ҳафтаи ахир 2009 сарбози Русия кушта шудаанд.
Рӯзноманигорони Би Би Си, “Медиазона” ва гурӯҳи ихтиёриён номи сарбозони кушташударо аз манобеи боз ҷамъоварӣ мекунанд. Номи баъзе кушташудаҳо аз ин рӯйхат метавонад берун монад.
На Русия ва Украина омори расмӣ дар бораи талафоти сарбозонашон дар ҷангро нашр намекунанд, вале бар тибқи арзёбиҳои хадамоти ҷосусии кишварҳои ғарбӣ мумкин аст, дар ин ҷанг садҳо ҳазор нафар ҷон бохтаанд.
ИМА ва Эрон ба даври панҷуми музокироти ҳастаӣ омода мешаванд

Дар шаҳри Руми Итолиё қарор аст даври панҷуми музокироти миёни ИМА ва Эрон бар сари барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ барпо шавад, ки чандин чолишҳое дорад. Садди муҳимтарин дар ин музокирот тавонмандии Эрон барои ғанисозии ураниум аст ва ИМА талаб дорад, ки Эрон аз он даст кашад, то ки барномаи ҳастаиаш роҳро барои эҷоди силоҳи атомӣ боз накунад. Вале мавзӯи ҳифзи ғанисозии ураниум баръакс, аз назари Эрон усулӣ аст.
Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Аббос Арақчӣ мегӯяд, ки ин масъала дар ҳолати будан ё набудани созиш бояд бетағйир монад. Арақчӣ пеш аз парвоз ба Рум рӯзи 23 май дар саҳифааш дар Х навишт, ки дастёбӣ ба созиш аз нарм шудани мавқеи ИМА дар робита бо ҳақи ғанисозии ураниум вобастагӣ дорад. Арақчӣ навишт: «Мушаххас кардани роҳи дастёбӣ ба созиш кори мушаксозӣ нест. Фурсати қабули қарор расидааст». Маъмурияти Трамп талаб дорад, ки Эрон пурра аз фаъолиятҳои ғанисозӣ даст кашад.
Дар ҳамин ҳол, қудратҳои аврупоӣ таҳдид карданд, ки дар сурати адами созиш бо ИМА то охири моҳи июл, таҳримҳои соли 2015-и СММ алайҳи Эрон баргардонида мешаванд. Дар таҳдиди ҷудогонааш Исроил гуфтааст, дар сурати набуди созиш, барои ҳамла ба ҳадафҳои ҳастаии Эрон иқдом хоҳад кард. Арақчӣ дар посух гуфт, дар сурати ҳамла ба ин кишвар Эрон аз «тадбирҳои вижа» кор хоҳад гирифт.
Донишгоҳи Ҳарвардро аз ҳақи қабули донишҷӯёни хориҷӣ маҳрум карданд

Ҳукумати ИМА донишгоҳи Ҳарвардро аз қабули донишҷӯёни хориҷӣ барои таҳсил маҳрум кард. Илова ба ин, маъмурияти президент Доналд Трамп донишомӯзонеро, ки дар ин муассиса таҳсил мекунанд, маҷбур дорад ба дигар мактабҳои олӣ гузаранд, чун дар акси ҳол ҳақи будубоши қонунӣ дар ин кишварро аз даст медиҳанд. Дар ин бора рӯзи 22 май вазорати амнияти дохилии ИМА хабар дод.
Вазир Кристи Ноэм амр дод, ки иҷозатномаи кори барномаи табодули донишҷӯёни Ҳарвард бекор карда шавад ва ин муассисаи таълимиро дар “дастгирии хушунат, яҳудиситезӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти кориаш бо ҳизби коммунистии Чин” гунаҳгор намуд.
Аз ин пеш маъмурияти донишгоҳ талаби вазорати амнияти дохилиро барои додани маълумот дар бораи бархе донишҷӯёни хориҷиаш рад кард. Дар Ҳарвард қарори маъмурияти Трампро, ки ба ҳазорҳо донишҷӯ дахл дорад, ғайриқонунӣ ва интиқомҷӯӣ ва ҳам амале номиданд, ки рисолати академикию таҳқиқотии Ҳарвардро ба ҳам мезанад. Донишгоҳ ваъда додааст, ки донишҷӯёни осебдидаро дастгирӣ мекунад.
Соли 2024-2025 ба донишгоҳи бонуфузи Ҳарвард 6800 донишҷӯи хориҷӣ қабул шуд ва ин 27% -и шумори умумии донишомӯзони ин муассиса ба шумор мераванд, навиштааст Reuters. Ин донишҷӯён аз 140 кишвари ҷаҳон намояндагӣ мекунанд.
Президенти ҷумҳурихоҳ Доналд Трамп мехоҳад низоми фаъолияти колелҷҳои хусусӣ ва мактабҳо дар саросари ИМА-ро тағйир диҳад ва онҳоро дар паҳн кардани идеологияи зиддиамрикоӣ, марксистӣ ва чапгароӣ муттаҳам намудааст. Трамп Ҳарвардро барои ҷалби демократҳои бонуфуз ба мақомҳои омӯзгорӣ ва раҳбарӣ интиқод намуд.
Моҳи апрел маълум шуд, ки маъмурияти Трамп маблағгузории донишгоҳи Ҳарвардро дар ҳаҷми 2,2 миллиард доллар қатъ ва ин донишгоҳро дар вайрон кардани ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва муборизаи нокофӣ бо яҳудиситезӣ гунаҳгор намуд.
Кохи Сафед инчунин маблағгузории донишгоҳи Колумбияро дар ҳаҷми 400 миллион доллар боздошт. Ин қарор вокуниши мақомот ба мавҷи эътирозҳои ҷонибдорони Фаластин дар донишгоҳои Амрико буд, ки амалҳои артиши Исроил дар Ғаззаро маҳкум намуданд.