23-юми май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе мусобиқаи муштзанҳои касбӣ (IBA,Pro 6) бо номи «Шоми бокс» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор шуд.
Бозии дӯстонаи ситораҳои футболи Тоҷикистону Русия, ки 22-юми май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури 7000 тамошобин доир шуд, бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 3:1 ба поён расид.
Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) гузариши футболбозон ба дастаи “Равшан”-и Кӯлобро ба муҳлати се марҳила ё равзанаи тарансферӣ манъ кард. Дар ин бора сомонаи ФИФА хабар додааст. Намояндагони тими “Равшан” қарорро ноодилона номиданд.
Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2025 рӯзи якшанбеи 25-уми май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор байни қаҳрамони кишвар – «Истиқлол»-и Душанбе ва барандаи Ҷоми миллӣ – «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода - баргузор мегардад.
Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе, қаҳрамони феълии Тоҷикистон, дар мусобиқоти имсолаи лигаи олӣ бори аввал ба шикаст мувоҷеҳ шуд.
Ҳафт кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, ширкати худро дар Бозиҳои III ИДМ (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил), ки тирамоҳи соли ҷорӣ баргузор мешаванд, тасдиқ карданд.
Ёфтҳои бештар