Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Уфти ҷиддии қурби доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон


Қурби доллари амрикоӣ дар баробари асъори миллии сомонӣ ба таври чашмрас поин рафтааст. Рӯзи 27-уми май бар асоси маълумоти расмии Бонки миллии Тоҷикистон, 100 доллар ба 1017 сомонӣ баробар буд. Дар бонкҳои тиҷоратӣ арзиши 100 доллар аз 1000 сомонӣ ҳам поин фаромада буд.

Арзиши доллар дар баробари сомонӣ, ки дар чанд ҳафтаи ахир то рафт поин меравад, давоми се соли ахир то ин ҳад паст нашуда буд.

Собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода рӯзи 26-уми май дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, коҳиши нархи доллар дар баробари сомонӣ барои иқтисоди кишвар паҳлуҳои мусбату манфӣ дорад.

“Тарафҳои мусбаташ ин аст, ки соҳибкорони фаъол дар қаламрави Тоҷикистон бештару бештар ба натиҷаҳои фаъолияти худ бовар ҳосил мекунанд, дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мекунанд, ҳаҷми сармоягузорӣ дар кишвар зиёд мешавад. Аз тарафи дигар, сармоягузорони хориҷӣ таваҷҷӯҳ пайдо мекунанд, сармоя ворид мешавад”, - афзуд ӯ.

Ба қавли Раҳимзода ин раванд метавонад ба иқтисоди кишвар паёмадҳои манфӣ ҳам дошта бошад.

“Вақте ки мо як сол пеш буҷаи давлатро ба нақша мегирем, мо қурби буҷавӣ дорем ва аз рӯи қурби буҷавӣ мо буҷаро ба нақша мегирем. Вақте қурби доллар поин меравад, ин таъсир мерасонад ба иҷроиши буҷет. Гарчанде, ки буҷа барои чор моҳ 110 фоиз иҷро шудааст, вале агар ба дохили он нигарем, мумкин бандҳое ҳастанд, ки вобаста ба поин рафтани қурби асъор камтар иҷро шудаанд ё ки иҷро шудаанду сифатан поин рафтани қурби асъор ба онҳо таъсир мерасонад.

Вале дар байни афзалиятҳову камбудиҳо дар доираи сиёсати иқтисодӣ онеро интихоб мекунанд, ки ба афзалиятҳо чӣ гуна таъсир мерасонад, ба иқтисодиёт... Яъне дар умум гирем, ин раванди мусбат аст”, - шарҳ дод Шариф Раҳимзода.

Чаро қурби доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон поин меравад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00

Ӯ мегӯяд, коҳиши қурби доллар нисбат ба сомонӣ аз ҳисоби воридоти молу маҳсулот ё боҷҳои гумрукӣ метавонад ба даромади буҷа таъсири манфӣ гузорад, вале ҳамзамон афзуд, аз ҳисоби иҷроиши барзиёди дигар сарчашмаҳо метавон таъсири онро кам кард.

Афзоши пасандозҳо бо сомонӣ, кам шудани талабот бо доллар, вазъи иқтисодиёти ҷаҳон, дигар шудани муносибатҳову вазъи иқтисодӣ дар кишварҳои шарикони рушди Тоҷикистон аз омилҳоеанд, ки, ба назари Шариф Раҳимзода, метавонанд сабаби поин рафтани қурби доллар шаванд.

Баъд аз оғози ҷанги бедалели Русия дар Украина ва таҳримҳои иқтисодии кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав, Русия бо кишварҳои шарики тиҷоратии худ, аз ҷумла Тоҷикистон муомилотро бо рубли русӣ ба роҳ андохт.

Моҳи июни соли 2022 ҳукумати Тоҷикистон бо қабули як барномаи зиддибуҳронии махсус тасмим гирифт, ки воридоти маҳсулоти ниёзи аввал ва баъзе аз ашёи хомро аз хориҷа бо рубли русӣ ва юани Чин ба роҳ монда, дар додугирифти байнулмилалӣ то ҳадди мумкин истифодаи долларро камтар кунад.

Фирдавс Толибзода, раиси Бонки милии Тоҷикистон моҳи августи соли гузашта ҳангоми як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки додугирифти Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) қариб 60 дарсади пардохтҳо бо рубли Русия ва боқимонда, 36 дарсад, бо доллари ИМА сурат мегирад.

Дар гузашта тоҷирон яке аз сабабҳои гаронии нархҳоро ба афзоши қурби доллар рабт медоданд. Сокинон мегӯянд, ҳоло қурб поин рафтааст, вале дар нархномаи маҳсулот, аз ҷумла маҳсулоти воридотӣ дигаргуние нест.

Азиз Фозилов, сокини шаҳри Роғун ба Радиои Озодӣ гуфт, “қурби доллар поин рафта бошад ҳам, нархи маҳсулот ягон хел арзон нашудааст, нарху наво мисли пешина, ҳамон хел боқӣ мондааст”.

Бонки миллии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратӣ якбора паст шудани қурби долларро шарҳ надодаанд.

Поёнравии қурби доллар аз аввали моҳи апрел оғоз шуд. Баъзе иқтисодшиносон ин вазъро ба афзоиши таъруфаҳои ҷорикардаи маъмурияти Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико низ рабт медиҳанд, ки дар оғози моҳи апрел барои молу колои 185 кишвари ҷаҳон таъсир гузошт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG