Нозирони байнулмилалӣ мегӯянд, то кунун ҳазорон асирони ҷангӣ ва ғайринизомиёни украинӣ дар минтақаҳои ишғолкардаи Русия моҳҳо ва ҳатто солҳо дар инзиво қарор доранд.
Бино ба гузоришҳо, шиканҷаи онҳо як амри маъмулӣ шудааст. Асирони наҷотёфта ва коршиносон мегӯянд, маҳбусони украинӣ барои сарпечӣ аз қабули ҳукмронии Русия муҷозот мешаванд.
Татяна Типаковаро то кунун ёди рӯзҳои шиканҷа шуданаш дар минтақаи ишғолкардаи русҳо дар Украина азоб медиҳад. Ӯ ҷабри шиканҷаро дар бадани худаш таҷриба кардааст. Ӯ гуфт: “Онҳо бо дасту пой ва ашёҳои дигар мезананд. Маро бо китобу калтаки чӯбин заданд“.
Татяна мегӯяд, ӯ яке аз ҳазорон украиниҳоест, ки пайваста шиканҷа шудаанд. Ӯро соли 2022 барои муқовимат ба ишғолгариҳои русҳо моҳҳо дар як утоқи семетрӣ нигоҳ доштаанд.
“Агар меафтодед, шумо медонистед, ки бояд бархезед, дар акси ҳол шуморо лагадкӯб мекунанд ва дардаш аз ин бештар мешавад, - гуфт Татяна. - Дар байни мо духтароне буданд, ки дар таҳхона нигоҳ дошта намешуданд, балки онҳоро дар хона дар пеши назари модаронашон таҷовуз мекарданд. Сипас модарро дар пеши назари духтараш таҷовуз мекарданд".
Ба гуфтаи созмонҳои ғайриҳукуматӣ, чунин маҳбасҳои ғайрирасмӣ дар даҳҳо ҷой ташкил шудаанд. Дар ин зиндонҳо шиканҷа як кори маъмулӣ буда, маҳбусон баъзан солҳо танҳо нигоҳ дошта мешаванд. Даҳҳо мавридҳои истифодаи шиканҷа, махсусан шиканҷаи асирони ҷангӣ сабт шудааст.
Полина Ужвак, рӯзноманигори пажӯҳишгар аст. Ӯ бар асоси таҳқиқоти худ мегӯяд, ки тарзи бархӯрд бо асирон тафовут дорад. "Баъзан одамонро рабуда, пас аз муддате озод мекунанд, - гуфт ӯ. - Дигарон ба зиндонҳои Русия фиристода мешаванд ва ягона шонси озод гардиданашон табодули маҳбусон аст. Аммо дар асл, хеле кам табдил карда мешаванд", гуфт ӯ.
Ба нақли онҳое, ки зинда мондаанд, маҳбусонро ба нерӯи барқ мемонанд. Ноқилҳоро ба қафаси сина ё олоти таносулӣ мегузоранд. Баъзан то ҳадде латтукуб мекунанд, ки асирон маъюби якумрӣ мешаванд. Ҳуҷраҳо сарду намнок ва торику ифлосанд.
Пажӯҳишгари дигари шиканҷаҳои русҳо Полина Ужвак аст. Ӯ мегӯяд, вобаста ба аҳамияти асир, шеваи бархӯрд бо ӯ ҳам фарқ мекунад.
Ӯ гуфт: "Бисёре аз маҳбусон барои гирифтани маълумот шиканҷа ва лату кӯб мешаванд. Ин нафар шояд чизеро надонад, аммо ба ҳар ҳол махсусан мардонро мезананд".
Роман Баклажов 54 рӯзро дар шиканҷагоҳи русҳо гузарондааст. Ӯ дар мақоми вакили Шӯрои шаҳри Херсон кор кардааст. Ӯ гуфт:
“Ҳуҷраҳои шиканҷа метавонад дар ҳама ҷо -дар таҳхона, дар хонаҳои шахсӣ бошад. Ҳама дар бораи ин ҳуҷраҳо, ки дар мактабу шӯъбаҳои пулис дар Каховка ва Каховкаи Нав ҷой доранд, медонанд.”
Мақомот даҳҳо ҳазор украиниро ба рӯйхати афроди гумшуда ворид кардаанд. Мувофиқи маълумоти Amnesty International, аксари онҳо эҳтимолан дар асорати Русия ҳастанд.
Мақсади асиргирандаҳои рус ҳам дар муқоиса ба давраи аввали ҷанг дар соли 2022 дигар шудааст. Дар аввал русҳо бо ҳадафи гирифтани маълумоти ҷангӣ украиниҳоро дастгир мекарданд.
“Акнун ҳамлаҳо ба украиниҳое сурат мегирад, ки ҳуввияти миллии худро нишон медиҳанд ва ё ишғолгариро намепазиранд, - гуфт Баклажов. - Ин одамон новобаста аз он ки ба русҳо таҳдиде надоранд, ҳадаф қарор мегиранд.“
Гуфтугӯ