Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Комилан девона шудааст." Интиқоди тунди Трамп аз Путин


Президенти Амрико Доналд Трамп гуфт, раҳбари Русия Владимир Путин "комилан девона шудааст." Дар як изҳороти бесобиқа тундлаҳнаш дар робита бо Путин дар заминаи ҳамлаҳои пурқурбонии артиши Русия дар хоки Украина, Трамп ӯро рӯзи 25 май дар шабакаи иҷтимоиаш Truth Social ба шиддат танқид кард.

Изҳороти раиси ҷумҳури Амрико дар пайи он садо медиҳад, ки артиши Русия рӯзҳои ахир ҳамлаи густурдаеро бо паҳпод ва мушак алайҳи Украина оғоз кардааст.

Трамп дар шабакаи Truth Social навишт, “ман ҳамеша бо Владимир Путин робитаи хуб доштам, вале бо ӯ чизе шудааст. Ӯ девонаи мутлақ шудааст. Бедалел одамони зиёдеро мекушад ва ман танҳо дар бораи сарбозон суҳбат намекунам. Бе сабаб мушак ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ба сӯи шаҳрҳои Украина партоб мешаванд.”

Президенти Амрико ҳамчунин навиштааст, Путин мехоҳад кулли Украинаро ба даст орад, аммо ин кор барои Русия ягон оқибати хуб надорад.

«Ман ҳамеша мегуфтам, ки он кулли Украинаро мехоҳад, на як қисми онро, шояд ин дуруст бошад. Аммо агар муваффақ шавад, ин боиси фурӯпошии Русия хоҳад шуд», - навиштааст Трамп.

Ҳанӯз Кремл ба ин ҳарфҳои Трамп ҳеҷ вокунише накардааст.

Трамп инчунин гуфт, «мо дар байни музокирот қарор дорем ва ӯ Киеву шаҳрҳои дигарро мушакборон мекунад. Ин аслан ба ман писанд нест». «Бо ин одам чизе шудааст ва ман инро хуш надорам», гуфт Трамп.

Доналд Трамп гуфт, Путин “батамом девона шудааст”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:30 0:00

Президенти Амрико гуфтааст, барои пешрафт дар музокироти сулҳ, ҷорӣ кардани таҳримҳои навро алайҳи Русия баррасӣ мекунад. Аммо ӯ дар ин бора ҷузъиёт надод.

Дар айни ҳол Доналд Трамп аз раиси ҷумҳури Украина Владимир Зеленский интиқод карда навишт, ки ба гуфтаи ӯ, бо суханҳояш мушкил эҷод мекунад. «Президент Зеленский бо гапҳояш ба кишвараш ҳеҷ фоидае намеорад. Ҳар сухане, ки аз даҳони ӯ мебарояд, мушкил эҷод мекунад ва ин чиз ба ман маъқул нест. Беҳтараш бас кунад", - навишт Трамп.

Аммо Трамп нагуфтааст, ки кадом сухани Зеленский ба ӯ писанд наомад.

Зеленский дар як изҳороти ахираш дар паи ҳамлаҳои Русия дар рӯзҳои истироҳат, ки боиси кушта шудани 13 нафар ва ҷароҳат бардоштшани даҳҳо нафар гардид, Амрикоро барои «хомӯш» будан танқид кард.

Доналд Трамп бори дигар ин ҳарфи худро такрор кардааст, ки агар ӯ президенти Амрико буд, ҷанги Украина ҳеч гоҳ сар намезад. Трамп ҳамчунин аз ҷанги Русияву Украина дурӣ ҷуста гуфтааст, ин ҷанги ӯ нест. "Ин ҷанги Зеленский, Путин ва Байден аст, на Трамп. Ман танҳо барои хомӯш кардани сӯхторҳои бузург ва зиште, ки бар асари бесалоҳиятии дағалона ва нафрат аланга задаанд, кӯмак мекунам", - хулоса кард ӯ.

Трамп дар маъракаҳои интихоботӣ ваъда дода буд, ки давоми чанд рӯз ба ҷанг дар Украина поён медиҳад.



Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG