"Аз пули ҷудошуда нисфашро дуздидаанд." Боздошти ду мақомдори Шабакаҳои барқ

Сардори “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и Истаравшан боздошт шудааст. Мақомот ӯ ва роҳбари пешини филиали ширкатро ба дуздии 740 ҳазор сомонӣ гумонбар медонанд. Назари боздоштшудаҳо ва наздиконашон ба иттиҳом маълум нест.

Вазорати корҳои дохилӣ 26-уми май дар хабарномае навишт, гумонбаршудаҳо моҳи майи соли 2022 аз 1,4 миллион сомонӣ ($140 ҳазор) пуле, ки барои харидории трансформатор ҷудо шуда буд, нисфашро дуздидаанд.

Мақомот номи сардори феълӣ ва пешини «Шабакаҳои тақсимоти барқ»-и Истаравшанро зикр накардаанд. Танҳо гуфтаанд, яке 39 ва дигарӣ 51 сола ҳастанд. Мақомот алайҳи ин ду мақомдор бо иттиҳомҳои азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, сӯиистифода аз ваколат ва сохтакории ҳуҷҷатҳо парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд.

Ҳамчунин як корманди ҶДММ «Фарзина» ҳам бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҷиноят боздошт шудааст.

Дар як соли ахир ин бори дуюм аст, ки кормандони “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и Истаравшан бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт мешаванд. Пештар Оҷонсии зиддифасод аз дуздии амволро ба маблағи зиёда аз 1,2 млн сомонӣ дар “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и Истаравшан хабар дода буданд.