Дар беш аз се соли ҷанг дар зиндонҳои Русия беш аз 200 низомии украинӣ ҷон додааст

Яке аз зиндонҳои Русия

Хабаргузории Associated Press бо такя ба иттилои СММ, ҳомиёни ҳуқуқ ва мақомоти расмии Украина менависад, ки аз замони ҳуҷуми васеъмиқёси Русия ба хоки он кишвар, дар маҳбасҳои Русия беш аз 200 низомии украинӣ ҷон додаанд.

Дар гузориши ин хабаргузорӣ инчунин ба маълумоти як коршиноси тиббию додгоҳии украинӣ ҳам ишора шудааст, ки даҳҳо ҷасади низомиёни даргузаштаро ташхис намудааст. Яке аз сабабҳои марги низомиён, ба эҳтимоли зиёд, хушунат дар зиндонҳои Русия мебошад, гуфта шудааст дар ин гузориш.

Мақомдороне, ки дар ин гузориш ҳамчун манбаъ истифода шудаанд, мегӯянд, шумори низомиёни украинии дар зиндонҳои Русия даргузашта далели муносибати бераҳмона бо сарбозони асир дар маҳсабҳои ин кишвар мебошад.

Мусоҳибони оҷонсии хабарӣ гуфтаанд, ки дар бисёр ҳолатҳо ба Украина ҷасадҳои вайроншударо медоданд, то ки далелҳои шиканҷаи онҳо, аз ҷумла, гуруснагӣ, адами кӯмаки тиббӣ ва дигар ҳолатҳо пинҳон монад. Ин ҷасадҳо аз даҳҳо зиндону боздоштгоҳҳои саросари Русия дастрас шудаанд.

Мақомот дар Русия аз шарҳи ин маълумот худдорӣ кардаанд. Аз ин пеш мақомоти Маскав Киевро дар муносибати бераҳмона бо ҳарбиёни рус гунаҳгор кардааст. СММ ин иттиҳомҳоро қисман тасдиқ карда? вале айни замон гуфтааст, ки қонун дар бораи тарзи муносибат бо асирони ҷангиро ҷониби Русия назар ба Украина бештар ва сангинтар вайрон кардааст.

Дар як гузориши СММ дар соли 2024 омадааст, ки 95% низомиёни аз асорати Русия озодшуда нақл кардаанд, ки мавриди шиканҷаи доимӣ қарор гирифтаанд. Дар миёни навъҳои шиканҷа латукӯб, истифодаи электрошокер, буғӣ кардан, хушунати ҷинсӣ, сохтакории қатл, дар ҳолати барои ҷисми инсон дардовар соатҳо нигоҳ доштани асирон ва бехоб мондани онҳо ёд мешавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Духтаронро дар пеши чашми модарон таҷовуз мекарданд". Саргузашти асирони украинии артиши Русия Бастрикин гуфт, зиёни ҳамла ба "Крокус" 6 миллиард рублро ташкил медиҳад