Дар Остона нахустин ҳамоиши Итолиё ва Осиёи Марказӣ барпо мешавад

23 апрели соли 2024, Рум

Рӯзи 30 май дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона қарор аст ҳамоиши раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Итолиё баргузор шавад. Ин нахустин ҳамоиш дар чунин чаҳорчӯб хоҳад буд, ки дар он ҳамкориҳои иқтисодию сиёсии миёни кишварҳои минтақа ва Итолиё баррасӣ мешавад. Қарор аст дар ин ҳамоиш президентони Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон – Қосимҷомарт Тоқаев, Эмомалӣ Раҳмон, Содир Ҷабборов, Шавкат Мирзиёев ва Сардор Бердимуҳаммадов бо нахуствазири Итолиё Ҷорҷиа Мелонӣ дидору гуфтугӯ кунанд.

Мелонӣ ба Остона аз шаҳри Самарқанд равона мешавад, ки он ҷо давоми рӯзҳои 28-29 май бо президент Мирзиёев ҳамкориҳо бо Узбекистонро баррасӣ мекунад.

Ба иттилои хабаргузории итолиёии Agenza Nova, вазири корҳои хориҷии Итолиё Антонио Таянӣ дар остонаи ин сафар дар мулоқоте бо сафирони Осиёи Марказӣ дар Рум гуфтааст, ки ҳадаф тақвияти ҳамкориҳо дар масоили мисли энержӣ, иртиботот, зерсохторҳо, мудирияти захираҳо об мебошад.

Дар ин мулоқот, ки ду ҳафта пеш барпо шудааст, Ҷамолиддин Убайдулло, сафири Тоҷикистон дар Рум ба имкониятиҳои фаннии Тоҷикистон таъкид карда гуфтааст, ки дар сурати сармоягузории Итолиё мешавад барои “рушди соҳаҳои мисли гидроэнергетика, металлургия, маъдан, саноати хурокворй ва туризм дар Тоҷикистон ҳамкориҳои муваффақе ба роҳ монд”. Ӯ гуфтааст, ҳамоиши Остона метавонанад барои эҷоди шарикии қавӣ мусоидат кунад.

Ҷузъиёти аз ин беш феълан нашр намешавад, ҳамчунон ки феълан маълум нест, то куҷо хоҳиши пешбурди ҳамкориҳои бештар расидагӣ ба масоили доғи мисли ҳуқуқи башар ва озодии баёнро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ пешбинӣ мекунад.

Ҳамаи кишварҳои минтақа бо нишондодҳои бад дар ин бахш маъруфанд ва раҳбарони минтақаро барои саркӯби озодиҳо ва зиндонӣ кардани мухолифону мунаққидони ҳукумат, аз ҷумла дар Тоҷикистон интиқод мекунанд.

Апрели соли 2024 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як сафари расмӣ ба Рум бо нахуствазири Итолиё Ҷорҷиа Мелонӣ дидору гуфтугӯ ва ҳафт санади ҳамкорӣ дар масоили амниятӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва сайёҳиро имзо карданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ислоҳот, сармоя ё обрӯ? Натиҷаи сафари Э.Раҳмон ба Итолиё чист?Раҳмон: "Италияро шарики муҳим ва боэътимоди худ дар Аврупо медонем"