Як ҳомии ҳуқуқи инсон дар Узбекистон гуфт, пеш аз сафараш ба Ирландия шиносномаашро дар ҳолати корношоям дарёфт. Шарифа Мадраҳимова, ки бояд барои гирифтани ҷоизаи созмони байналмилалии Ҳомиён ҳуқуқи инсон (Front Line Defenders) ба Ирландия парвоз мекард, шиносномаи визадорашро ба даст гирифта, вале охирин саҳифаи он сӯзонида шуда буд.
Мадраҳимова гуфт, азбаски дар Узбекистон сафорати Ирландия амал намекунад, ӯ 17 апрел шиносномаашро бо DHL ба он кишвар фиристод. 6 май шиносномааш ба дасти ӯ расид, дар он визаи ирландӣ зада шуда буд, вале ин санад ғайриқобили истифода гардида буд.
Ӯ гуфт: “Рӯзи 7 май хаткашон аз Фарғона ба Хӯқанд шиносномаи маро овард. Номаи DHL беайб буд, тоза ва ҳеҷ мушкиле надошт. Дар дохили он лифофаи дигари хурдтаре буд. Вақте ман онро боз кардам, як бӯи бадеро ҳис кардам. Вақте шиносномаро ба даст гирифтам, дидам, ки қисми пушташ сӯзонида шуда буд. Касе номаро кушода шиносномаро хароб кардааст, то ки ман аз Узбекистон хориҷ нашавам. Аз як сӯ, мешавад гуфт, ки ин ҳам ба маънои эътирофи кори ман аст”, гуфт ин ҳомии ҳуқуқ аз Узбекистон.
Масъулони созмони Front Line Defenders гуфтанд, ки вақте шиносномаро ба Узбекистон мефиристоданд, он ҳеҷ мушкиле надошт. Дар ширкати DHL дар Тошканд ҳам гуфтанд, ки онҳо ҳама санадҳоро бе ягон айбу харобкорӣ ба дасти соҳибонашон мерасонанд. Ҳусан Тангриев, сухангӯи хадамоти гумруки Узбекистон дар посух ба Мадраҳимова гуфт, ки онҳо дохили номаҳои аз хориҷа омадаро тафтиш намекунанд.
Баъди ин Мадраҳимова хост шиносномаи хориҷии нав ба даст оварад, ки бояд дар даҳ рӯз омода шавад, вале то ҳол омода накардаанд. Маросими супурдани ҷоизаҳои ҳомиёни ҳуқуқ рӯзи 22 май дар шаҳри Дублин барпо шуд. Дар ин маросим нутқи Мадраҳимоваро ҳомии дигари маъруфи ҳуқуқ аз Узбекистон Умеда Ниёзова қироат кард.
Шарифа Мадраҳимова бисёр вақт ба хотири кораш мавриди фишор қарор гирифтааст. Солҳои охир фаъолияти ӯ ба назорат аз кори кӯдакон дар майдони пахта тамаркуз ёфтааст.