Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2025 тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзодаро аз рӯи силсилаи пеналти бо ҳисоби 5:4 (замони асосӣ ва изофа – 1:1) шикаст дод, бори 13-ум барандаи Ҷоми олӣ шуд.
Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2025 байни қаҳрамони кишвар – “Истиқлол” ва барандаи Ҷоми миллӣ – “Регар-ТадАЗ” - шаби якшанбеи 25-уми май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳузури 12750 тамошобин доир гардид.
Шерзод Маҳмадиев, бозигари “Регар-ТадАЗ”, дар дақиқаи 11-ум аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ ҳисобро кушод. Голи ҷавобиро Ҷошуа Акпуҷе, ҳимоятгари “Истиқлол”, дар дақиқаи 83-юм зад - 1:1.
Дар замони асосӣ ва изофа (ду қисми 15-дақиқаӣ) ҳисоби бозӣ тағйир наёфт. Аз рӯи силсилазарбаҳои пеналти кори футболбозони “Истиқлол” омад кард. Онҳо ҳамаи панҷ тӯбро ба нишон расонданд. Аммо зарбаи панҷуми “Регар-ТадАЗ”-ро Далер Имомназаров хато зад.
Бояд зикр намуд, дар охири нимаи аввали дидор (45+3) сардовари бозӣ Гулмуроди Саъдулло (Душанбе) ба Квадво Фримпонг («Регар-ТадАЗ») корти сурх нишон дод. Регариҳо то охири бозӣ як нафар кам буданд.
Қаблан ин дастаҳо солҳои 2011 ва 2012 барои Суперҷом талош карда буданд. Дар ҳарду бозӣ душанбегиҳо бо натиҷаҳои 1:0 ва 2:1 пирӯз шудаанд.
Ба дастаи “Истиқлол” бо роҳбарии сармураббӣ Игор Черевченко медалҳои тилло ва Суперҷоми Тоҷикистон супурда шуд. Дастаи “Регар-ТадАЗ” зери раҳбарии сармураббӣ Алишер Тухтаев бо медалҳои нуқра сарфароз гашт.
Ҷошуа Акпудже, ҳимоятгари дастаи «Истиқлол», беҳтарин бозигари Суперҷоми Тоҷикистон-2025 эътироф гардид.
СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2025
«Истиқлол» - «Регар-ТадАЗ» - 1:1
Голҳо: Шерзод Маҳмадиев, 11 - аз пеналтӣ (0:1). Ҷошуа Акпуҷе, 83 (1:1).
Силсилаи пеналтӣ: Аҳтам Назаров - 1:0. Нозим Бобоҷонов - 1:1. Масрур Ғафуров - 2:1. Ҷаҳонгир Эргашев - 2:2. Шаҳром Сулаймонов - 3:2. Шерзод Маҳмадиев- 3:3. Амирбек Ҷурабоев -4:3. Асилбек Темиров - 4:4. Содиқҷон Қурбонов - 5:4. Далер Имомназаров (хато) - 5:4.
Беҳтарин бозигари дидор: Ҷошуа Акпуҷе («Истиқлол»).
Корти зард: Николас Лоуренс, Ҷошуа Акпуҷе («Истиқлол»), Мануэл Пани, Саидмухтор Азимов, Шерзод Маҳмадиев («Регар-ТадАЗ»).
Корти сурх: Квадво Фримпонг («Регар-ТадАЗ») - 45+3.
Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).
25-уми май. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 12750 тамошобин.
Суперҷоми Тоҷикистон сар аз соли 2010 бори шонздаҳум барпо гардид. Дар ин муддат ҳамагӣ ҳафт даста барои Ҷоми олӣ талош карда, се даста муваффақ шудааст.
"Истиқлол", ки дар ин бозиҳо 15 маротиба ширкат варзидааст, 13 бор (2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019, 2020, 2021, 2022, 2024, 2025) барандаи Суперҷом гардидааст.
“Равшан”-и Кӯлоб ду бор (2013, 2023) ва “Ҳосилот”-и Фархор як маротиба (2017) Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд.
НАТИҶАҲОИ ҲАМАИ БОЗИҲОИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН (2010-2025):
2010. “Вахш" (Қӯрғонтеппа) – ”Истиқлол» (Душанбе) – 0:2
2011. "Истиқлол" (Душанбе) – “Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0
2012. "Истиқлол" (Душанбе) – “Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2013. "Равшан" (Кӯлоб) – “Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2014. “Равшан" (Кӯлоб) – ”Истиқлол» (Душанбе) – 0:5
2015. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. Аз рӯи пеналти – 4:3
2016. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2
2017. "Истиқлол" (Душанбе) – ”Ҳосилот» (Фархор) – 1:2
2018. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2
2019. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:0
2020. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хуҷанд» (Хуҷанд) – 2:1
2021. «Истиқлол» (Душанбе) - «Равшан» (Кӯлоб) - 2:0
2022. «Истиқлол» (Душанбе) - «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0
2023. «Истиқлол» (Душанбе) - «Равшан» (Кӯлоб) - 0:1
2024. «Истиқлол» (Душанбе) - «Равшан» (Кӯлоб) – 2:1
2025. «Истиқлол» (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналти – 5:4