Холид Ургенҷ, иҷрокунандаи нақши Султон Сулаймонро ба зиндон маҳкум карданд

Холид Ургенҷ бо иҷрои нақши Султон Сулаймон дар сериали "Асри мӯҳташам" маъруф шудааст

Додгоҳе дар Истанбул ҳунарпешаи маъруфи синамои Туркия Холид Ургенҷро бо иттиҳоми шоҳидии бардурӯғ ба 1 солу 10 моҳи зиндон маҳкум кардааст. Ин парванда ба эътирозҳои соли 2013 дар боғи Ғозӣ рабт дорад, навиштааст ТАСС бо такя ба нашрияи Sözcü. Дар оғоз айбдоркунандаи давлатӣ хостори ҳукми 4 соли ҳабс ба ҳунарпешаи 55-сола буд, вале баъд бо сабаби ин ки ҳунарпеша гузаштаи ҷиноӣ надоштааст, ҳукмашро сабук карданд.

Худи Ургенҷ гуфтааст, ки аз ин ҳукм розӣ нест ва аз болои он шикоят хоҳад кард. Ӯ гуфтааст, ки “ҳеҷ гоҳ дурӯғ нагуфтааст ва аз болои ин ҳукм шикоят хоҳад кард”.

Ҳукми додгоҳи Истанбул рӯзи 22 май содир шудааст.

Парвандаи зидди Ургенҷ бар асоси таҳқиқи кори мудири синамо Оиша Барим сохта шудааст, ки моҳи январи имсол бо иттиҳоми ташкили намоишҳои эътирозӣ дар боғи Ғозӣ дастгир шуд. Ин амали Баримро талоши табаддулоти далватӣ номиданд.

Дар парванда гуфта шудааст, ки Барим бо ҳомии ҳуқуқ Усмон Кавала дар тамос шуд. Барим иттиҳомҳоро рад карда гуфтааст, ки ба боғи Ғозӣ бо ташаббуси худ рафатаст ва робитааш бо Кавала ба хотири ҳамкориҳои синамоӣ будааст. Фарҳангиёни Туркия парвандаи зидди Баримро маҳкум карданд.

Бисёриҳо ин мурофиаро дорои ангезаҳои сиёсӣ ва идомаи саркӯбҳо дар Туркия меноманд.

Холид Ургенҷ бо иҷрои нақши Султон Сулаймон дар сериали "Асри мӯҳташам" маъруф шудааст.


ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Идомаи эътирозҳо ба ҳимоят аз Акрам Имомоғлу дар ТуркияБоздошти Акрам Имомоғлу, шаҳрдори ИстанбулМуҳоҷирони тоҷик дар филмҳои Туркия (Рӯзгори муҳоҷир #19)Зиндагии сериалӣ. Аз "Ҳарими Султон" то "Бозии тоҷу тахт"