30 кушта дар Ғазза дар рӯзи якшанбе

Харобазори як мактаби нобудшуда дар Ғазза. 26 май

Рӯзи якшанбе, 25 май дар натиҷаи ҳамлаҳои Исроил дар Ғазза дастикам 30 нафар кушта шуданд. Дар ин бора Reuters аз қавли вазорати беҳдошти Ғазза хабар дод, ки таҳти назорати Ҳамос мебошад ва ин ташкилотро ИМА ва Иттиҳоди Аврупо террористӣ эълон кардаанд.

Хабар дода шуд, ки дар шаҳри Ҷабалияи воқеъ дар шимоли Ғазза як манзили журналисти маҳаллӣ мавриди ҳамла қарор гирифт ва ҳамроҳ бо худи ӯ чандин узви оилааш ба ҳалокат расиданд. Дар урдугоҳи паноҳандагони Насирот як мақомдори соҳаи наҷотбахшӣ ҳамроҳ бо ҳамсараш дар ҳоле кушта шуданд, ки дар дохили манзили худ қарор доштанд.

Хадамоти матбуоти ҳукумати Ғазза гуфт, ки аз октябри соли 2023 дар ин минтақа 220 хабарнигори фаластинӣ кушта шудаанд. Артиши Исроил хабар дод, ки фармондеҳи ситоди кулл Эял Замир зимни мулоқот бо низомиён дар Хон Юнис гуфтааст, “ин ҷанг беохир нест”.

Ӯ гуфтааст, дороиҳои бисёри Ҳамос, аз ҷумла фармондеҳиаш нобуд карда шуд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Кушта шудани 9 кӯдак дар Ғазза. Исроил ваъдаи таҳқиқ додЛондон бо далели Ғазза музокираҳои тиҷоратӣ бо Исроилро боздоштС.Муҳриддин: "Вазъи мардуми Фаластин фоҷеабор аст"