Кушта шудани 9 кӯдак дар Ғазза. Исроил ваъдаи таҳқиқ дод

Ҳамлаи Исроил ба беморхонаи "Носир" дар Хон-Юнис. Исроил иддао дорад, ки "Ҳамос" ин беморхонаро барои амалҳои террористӣ истифода мекунад

Артиши Исроил гуфт, гузоришҳо дар бораи кушта шудани 9 кӯдак дар шаҳри Хон-Юнисро таҳқиқ мекунад.

Ба гуфтаи намояндагони гуруҳи "Ҳамос", рӯзи 24-уми май дар ҳамлаи ҳавоии артиши Исроил ба ҷануби Навори Ғазза, 9 кӯдак кушта шудааст. Гуруҳи "Ҳамос" дар Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ шинохта шудааст.

Ба гузориши Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандии Ғазза, ки зери назорати “Ҳамос” кор мекунад, кӯдакони кушташуда аъзоёни як оила буданд. Падари ин хонавода Ҳамдӣ ал-Наҷор ва ҳамсараш пизишк будаанд.

Маҳмуд Бассол, як намояндаи Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандии Ғазза гуфтааст, ҷасади кӯдакон аз зери харобаҳо пайдо шуд. Чанд нафари онҳо сӯхтаанд. Падари хонавода ва як кӯдаки даҳсолааш бо захмҳои вазнин зинда мондаанд. Онҳоро ба беморхонаи “Носир” интиқол додаанд.

Артиши Исроил ҳамла ба Хон Юнисро расман тасдиқ карда гуфт, мушак аз як ҳавопаймои бесарнишин "ба чанд гумонбар дар як бино бархӯрд.” Дар ин маҳалла неруҳои исроилӣ мустақар будаанд. Низомиёни Исроил мегӯянд, Хон-Юнис "минтақаи ҷангии хатарнок" аст ва маълумот дар бораи талафоти эҳтимолии ғайринизомиён "тафтиш карда мешавад".