Полиси Бритониё гуфт, ҳодисаи пахши издиҳом амали террористӣ нест

Баъди ҳодиса

Шаҳрдори Ливерпул рӯзи 27 май гуфт, ки чор нафар аз маҷрӯҳшудагон дар натиҷаи бархӯрди мошине дар ҳолати «бисёр-бисёр» сангин қарор доранд. Рӯзи душанбе мошине издиҳоми мардумеро пахш кард, ки аз тамошои бозии Лигаи олии футбол берун шуда буданд.

Рейтерс навишт, полиси Бритониё гуфтааст, ки ин ҳодиса хусусияти инфиродӣ дорад ва амали террористӣ нест, ҳарчанд нагуфт, ки чӣ гуна ва чаро як ронанда тавонист мошинашро ба сӯи мардум ба ҳаракат дарорад.

Вақте мошин бозистод, даҳҳо нафари хашмолуд ба сӯи он шитофта, бо фиғон ба шишаҳояш заданд, то замоне, ки полис омада пеши роҳи онҳоро гирифт.

Полс гуфт, ки 20 нафарро дар ҷои ҳодиса ва 27 тани дигарро ба беморхонаҳо бурда ба онҳо ёрии тиббӣ расониданд. Дар миёни онҳо як нафарашон кӯдак буд.

Стив Ротерам, шаҳрдори Ливерпул ба BBC гуфтааст, ки ҳолати чор нафари онҳо сангин аст ва изҳори умедворӣ кард, ки тавонанд базудӣ аз ҳолати бӯҳронӣ берун шаванд.

Полис гуфт, ки бо гумони содир кардани ин ҳодиса як марди 53-солаи шаҳрванди Бритониё ва сокини Ливерпул боздошт шудааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Дар Олмон шумори қурбониҳои ҳодисаи бозорчаи солинавӣ меафзояд Дар Берлин мошине издиҳоми одамонро пахш кард. Чанд кас куштаву захмӣ шуд