Созмони Милали Муттаҳид дар гузориши нави буҳронҳоии ғизоӣ барои соли 2025 Тоҷикистонро дар минтақаҳои таҳти хатари камбуди озуқаворӣ қарор додааст. Ҳарчанд Тоҷикистон ба шумули кишварҳои дорои буҳрони шадиди ғизоӣ ворид нагардидааст, аммо чун кишвари хеле осебпазир ном бурда шудааст.
Дар Қирғизистон, мавзӯи меҳтарсолорӣ ё “Дедовшина” дубора пурбаҳс шуд. Ин бор як изҳороти вазири нави дифоъ ин масъаларо доғ кард. Вай гуфтааст, бадрафторӣ дар артиш ҳоло чандон мавзӯи доғу муҳим нест, ва таъкид кардааст, ки тарбияи сарбозон бояд ҳанӯз аз кӯдакистону мактаб оғоз шавад.
Гурӯҳе аз сокинони шаҳри Хуҷанд чанд рӯз мешавад, бо нишони норизоиятӣ аз вайрон кардани хонаву мағозаҳояшон таҷаммӯъ мекунанд. Иддаои онҳо ин аст, ки бар ивази манзилашон як ширкати сохтмонӣ ҷуброни кам медиҳад ва хостаҳояшонро ба инобат намегирад.
Бунёди муҷассамаи диктатори Шӯравӣ Иосиф Сталин дар метрои Маскав баҳсҳоеро ба миён овардааст.Иддае аз русҳо онро ҳамчун арҷгузории таърихӣ истиқбол карданд, аммо бархеи дигар гиромидошти раҳбареро, ки ба мардум зулм кардааст, кори нодуруст меҳисобанд.
Марги писарчаи дусола дар яке аз кӯдакистонҳои Душанбе ҷомеаро таккон дода, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои доғеро ба миён овард. Таҳқиқи қазия аз сӯи додситонӣ оғоз ёфтаст.
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Мақомоти интизомии Кӯлоб 15 нафари дигарро бо иттиҳоми ифротгароӣ ва фиристодани пул ба Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз мухолифони тундлаҳни ҳукумати Тоҷикистон дастгир кардаанд. Ба гуфтаи хешовандонашон, 15 муҳоҷири собиқи корӣ аз деҳаи Хонаободро шоми 17-уми май дастгир кардаанд.
Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон
Тоҷирони бозорҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон интизори харидорони ҳамсоякишвар ҳастанд. Онҳо мегӯянд, ки бо гузашти ду моҳ аз боз шудани марз боре ҳам мизоҷҳои қирғизтаборро надидаанд. Ҳамчунин дар бозори қирғизтаборон низ харидорони тоҷик мушоҳида намешаванд.
Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишоти Русия, ки аз мансабдорони муҳоҷирситез дониста мешавад, бо таъкид ба ҳуввият ва тоыик будани гумонбарони ҳамлаи маргбор ба Крокус гуфт, қарор аст, ба зудӣ парвандаи онҳо ба додгоҳ фиристода шавад.
Ахбори Тоҷикистону ҷаҳон
Манъи корҳои таъмиру бозсозӣ дар масҷиди ба номи Умари Форуқ, ки дар Душанбе бо номи “Масҷиди Аминҷон” маъруф аст, боиси нигаронии бархе сокинону намозгузрон шудааст. Онҳо мехоҳанд аз ҳисоби худ масҷидро таъмиру азнавсозӣ кунанд, вале мақомот иҷоза намедиҳад.
Ёфтҳои бештар