Дар чанд ҷумла
Як ҳайати СММ: Қатли асирони украинӣ аз сӯи Русия афзудааст

Ҳайати Дидбони ҳуқуқи башари Созмони Милал дар Украина эълон кард, ки дар моҳҳои охир шумори эъдоми асирони украинӣ аз сӯи Русия "дар ҳадди нигаронкунанда" афзоиш ёфтааст.
Ин ҳайат рӯзи 3-юми феврал дар баёнияе гуфт, аз охири моҳи августи соли 2024 то кунун дар 24 гузориши алоҳида хабари эъдоми 79 асири украиниро дарёфт кардааст.
Тибқи қонунҳои башардӯстонаи байнулмилалӣ, эъдоми асирони ҷангӣ ва захмиҳо ҷинояти ҷангӣ хонда мешавад.
Дидбони ҳуқуқи башари СММ дар идомаи баёнияи худ афзуд, "бисёре аз сарбозони украинӣ, ки худро таслим карда ё ба асорати артиши Русия даромадаанд, дар маҳал эъдом шудаанд. Далелҳои пешниҳодшуда аз сӯи шоҳидон низ аз кушта шудани сарбозони захмии украинӣ ҳикоят мекунад".
Вазири корҳои хориҷии Украина гуфт, ки ҷомеаи байнулмилалӣ бояд ба ҷиноятҳои Русия вокуниш нишон диҳад. Ӯ дар шабакаи Х (Твиттери пешин), навишт, "эъдоми ваҳшатноки асирони украинӣ тавассути Русия нишон медиҳад, ки Украина бо як ҳаюлои воқеӣ рӯбарӯст. Мо ба абзорҳои қонунии байнулмалилии муассир ва чораҳои мушаххас барои муҷозоти омилони ин ҷиноятҳо ниёз дорем."
Вазорати дифои Русия ҳозир нашудааст ба дархости хабаргузории "Рейтерз" барои изҳори назар дар ин бора посух диҳад.
Ҳайати дидбони ҳуқуқи башари СММ дар Украина дар таҳқиқоти худ аксу видеоро аз саҳнаҳои эъдом ва ҷасади асирони украинӣ таҳлил ва бо шоҳидони айнӣ мусоҳибаҳои дақиқ ва муфассал анҷом додааст. Ин ҳайат хотирнишон кард, ки эъдомҳо дар минтақаҳое, ки артиши Русия дар ҳоли пешравӣ аст, рӯй додаанд.
Даниелле Белл, раиси ҳайат гуфт, "шуморе аз фармондеҳони артиши Русия бо сароҳат хостори бархӯрдҳои ғайриинсонӣ ва ҳатто эъдоми асирони украинӣ шудаанд.
Ин ҳайат дар бахши дигаре аз баёнияи худ афзуд, ки эъдоми сарбозони захмӣ ва маъюби Русия тавассути артиши Украина дар соли 2024-ро мустанад кардааст, вале ҷузъиёти бештаре ироа накард. Дафтари Додситонии кулли Украина низ эълон кард, ки таҳқиқот дар мавриди эъдоми даҳҳо низомии ин кишвар тавассути артиши Русияро оғоз кардааст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Дар Арабистони Саудӣ фурӯши бомаҳдудияти машруботро иҷоза хоҳанд дод

Арабистони Саудӣ дар соли 2026 фурӯш ва истеъмоли бомаҳдудияти машруботи алкоҳолиро иҷоза хоҳад дод. Дар ин бора нашрияи ҳиндии The Economic Times хабар дода гуфтааст, ки чунин тасмим дар доираи омодагиҳо ба Намоишгоҳи ҷаҳонии EXPO 2030 ва Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футболи соли 2034 гирифта шудааст.
Ба навиштаи ин расона, фурӯши машрубот танҳо дар минтақаҳои муайян ва на дар бештар аз 600 ҷой иҷоза дода мешавад. Ин асосан меҳмонхонаву осоишгоҳҳо барои ҷаҳонгардон хоҳад буд. Танҳо муассисаҳои соҳиби иҷозатнома ва фурӯшандаҳои омӯзишдида ҳақи фурӯши машруботро хоҳанд дошт.
Дар ин муассисаҳо фурӯши оби ҷаву май иҷоза дода хоҳад шуд. Фурӯши машруботи сангини алкоҳолӣ мисли ҳамеша манъ мебошад. Тағйирот дар сиёсати машруботи кишвар бахше аз барномаи давлатии рушди иқтисод то соли 2030 гуфта мешавад.
Як ҳадафи ин барнома рушди соҳаи туризм аст. Ин чиз боиси афзоиши ҷойҳои корӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ хоҳад шуд. Дар Арабистони Саудӣ аз соли 1952 қарори манъи фурӯш ва истеъмоли машруботи алкоҳолӣ амал мекунад.
"Як шӯхӣ буд". Қасри президенти Фаронса ба шаппотихӯрии Макрон аз дасти ҳамсараш посух дод

Дафтари раёсатҷумҳурии Фаронса рӯзи душанбе талош кард ҳодисаи аз дасти ҳамсараш Бриҷит дар рӯяш як торсакӣ хӯрдани Эммануэл Макронро камаҳамият нишон диҳад. Саҳнаи бо дасташ ба рӯи шавҳараш задани Бриҷит ба ҳангоми дар фурудгоҳи шаҳри Ҳанои Ветнам фуруд омадани ҳавопаймо дар оғози сафари ӯ ба Осиёи Ҷанубӣ дар наворҳои видеоӣ дида шудааст.
Дар ин навор дида мешавад, ки рӯзи якшанбе, пеш аз он ки Макрон аз ҳавопаймои президентӣ фуруд ояд, як шаппотӣ мехӯрад, ӯ маҷбур мешавад як қадам қафо монад ва билофосила ба сӯи дурбинҳои хабарнигорон дасташро бардошта салом мекунад.
Дар ин бора хабаргузориҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла Рейтерс ва Франс Пресс хабар додаанд. Ҳамсари Макрон дар авввал як лаҳза аз дурбинҳо худро қафо кашида баъдан ҳамроҳ бо ҳамсараш аз ҳавопаймо поин меояд.
Дар посух ба саволҳои матбуот Қасри Елисей талош кардааст ин ҳолатро камаҳамият карда вуҷуди даъво миёни ҳамсаронро, ки аз соли 2007 арӯсӣ кардаанд, рад намуд. “Ин лаҳзае буд, ки президент ва ҳамсараш пеш аз шурӯи сафар як лаҳза фароғате доштанду бо ҳам шӯхӣ мекарданд”. “Ин як лаҳзаи ҳамоиши онҳо буд”, гуфтааст қасри президенти Фаронса.
Макрон ба Ветнам бо мақсади тавсеаи ҳамкориҳо бо ин кишвари собиқ истеъмории Фаронса сафар кардааст.
Ҳомии ҳуқуқ шиносномаашро дар дохили номаи почта корношоям пайдо кард

Як ҳомии ҳуқуқи инсон дар Узбекистон гуфт, пеш аз сафараш ба Ирландия шиносномаашро дар ҳолати корношоям дарёфт. Шарифа Мадраҳимова, ки бояд барои гирифтани ҷоизаи созмони байналмилалии Ҳомиён ҳуқуқи инсон (Front Line Defenders) ба Ирландия парвоз мекард, шиносномаи визадорашро ба даст гирифта, вале охирин саҳифаи он сӯзонида шуда буд.
Мадраҳимова гуфт, азбаски дар Узбекистон сафорати Ирландия амал намекунад, ӯ 17 апрел шиносномаашро бо DHL ба он кишвар фиристод. 6 май шиносномааш ба дасти ӯ расид, дар он визаи ирландӣ зада шуда буд, вале ин санад ғайриқобили истифода гардида буд.
Ӯ гуфт: “Рӯзи 7 май хаткашон аз Фарғона ба Хӯқанд шиносномаи маро овард. Номаи DHL беайб буд, тоза ва ҳеҷ мушкиле надошт. Дар дохили он лифофаи дигари хурдтаре буд. Вақте ман онро боз кардам, як бӯи бадеро ҳис кардам. Вақте шиносномаро ба даст гирифтам, дидам, ки қисми пушташ сӯзонида шуда буд. Касе номаро кушода шиносномаро хароб кардааст, то ки ман аз Узбекистон хориҷ нашавам. Аз як сӯ, мешавад гуфт, ки ин ҳам ба маънои эътирофи кори ман аст”, гуфт ин ҳомии ҳуқуқ аз Узбекистон.
Масъулони созмони Front Line Defenders гуфтанд, ки вақте шиносномаро ба Узбекистон мефиристоданд, он ҳеҷ мушкиле надошт. Дар ширкати DHL дар Тошканд ҳам гуфтанд, ки онҳо ҳама санадҳоро бе ягон айбу харобкорӣ ба дасти соҳибонашон мерасонанд. Ҳусан Тангриев, сухангӯи хадамоти гумруки Узбекистон дар посух ба Мадраҳимова гуфт, ки онҳо дохили номаҳои аз хориҷа омадаро тафтиш намекунанд.
Баъди ин Мадраҳимова хост шиносномаи хориҷии нав ба даст оварад, ки бояд дар даҳ рӯз омода шавад, вале то ҳол омода накардаанд. Маросими супурдани ҷоизаҳои ҳомиёни ҳуқуқ рӯзи 22 май дар шаҳри Дублин барпо шуд. Дар ин маросим нутқи Мадраҳимоваро ҳомии дигари маъруфи ҳуқуқ аз Узбекистон Умеда Ниёзова қироат кард.
Шарифа Мадраҳимова бисёр вақт ба хотири кораш мавриди фишор қарор гирифтааст. Солҳои охир фаъолияти ӯ ба назорат аз кори кӯдакон дар майдони пахта тамаркуз ёфтааст.
30 кушта дар Ғазза дар рӯзи якшанбе

Рӯзи якшанбе, 25 май дар натиҷаи ҳамлаҳои Исроил дар Ғазза дастикам 30 нафар кушта шуданд. Дар ин бора Reuters аз қавли вазорати беҳдошти Ғазза хабар дод, ки таҳти назорати Ҳамос мебошад ва ин ташкилотро ИМА ва Иттиҳоди Аврупо террористӣ эълон кардаанд.
Хабар дода шуд, ки дар шаҳри Ҷабалияи воқеъ дар шимоли Ғазза як манзили журналисти маҳаллӣ мавриди ҳамла қарор гирифт ва ҳамроҳ бо худи ӯ чандин узви оилааш ба ҳалокат расиданд. Дар урдугоҳи паноҳандагони Насирот як мақомдори соҳаи наҷотбахшӣ ҳамроҳ бо ҳамсараш дар ҳоле кушта шуданд, ки дар дохили манзили худ қарор доштанд.
Хадамоти матбуоти ҳукумати Ғазза гуфт, ки аз октябри соли 2023 дар ин минтақа 220 хабарнигори фаластинӣ кушта шудаанд. Артиши Исроил хабар дод, ки фармондеҳи ситоди кулл Эял Замир зимни мулоқот бо низомиён дар Хон Юнис гуфтааст, “ин ҷанг беохир нест”.
Ӯ гуфтааст, дороиҳои бисёри Ҳамос, аз ҷумла фармондеҳиаш нобуд карда шуд.
Муштзанҳои тоҷик дар қаҳрамонии Осиё 16 медал гирифтанд

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё миёни ҷавонон, ки рӯзҳои 12-23-юми май дар шаҳри Коломбои Шри-Ланка баргузор шуд, 16 медал (3 тилло, 5 нуқра ва 8 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Конфедератсияи бокси Осиё (ASBC), дар мусобиқоти қаҳрамонии қора миёни ҷавонон 232 муштзан аз 23 кишвар ширкат дошт.
Мусобиқот дар Коломбо мувофиқи синну соли варзишгарон дар ду гурӯҳ сурат гирифт: миёни муштзанҳои то 18-сола ва байни ҷавонони то 22-сола.
Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни муштзанҳои то 18-сола 9 нафар ва миёни ҷавонони то 22-сола 10 нафар шомил буданд.
Муштзанҳои тоҷик дар миёни то 18-солаҳо 7 медал (2 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Алишерхудо Холов (71 кг) ва Абубакр Ғафуров (75 кг) бо медалҳои тилло, Муҳаммадсултон Султонов (67 кг) ва Билолҷон Иксанов (54 кг) бо медалҳои нуқра, Фариноз Абдуллоева (54 кг), Мино Аъзамзод (60 кг) ва Муҳаррамхон Тошхӯҷаева (70 кг) бо медалҳи биринҷӣ мукофтонида шуданд.
Абубакр Ғафуров беҳтарин муштзани Осиё миёни навҷавонони то 18-сола эътироф гардид.
Муштзанҳои тоҷик дар миёни ҷавонони то 22-сола 9 медал (1 тилло, 3 нуқра ва 5 биринҷӣ) гирифтанд.
Анӯшервон Фозилов (54 кг) бо медали тилло сарфароз гашт. Меҳроҷ Суфиҷонов (51 кг), Дамир Муйбалихонов (60 кг) ва Ҳангома Исоева (60 кг) барандагони нишонҳои нуқра шуданд.
Муинхӯҷа Муъминов (48 кг), Руслан Ғафуров (63,5 кг), Муродҷон Ашуралиев (71 кг), Фариза Ёқубова (52 кг) ва Дилноза Нуримова (63 кг) бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.
Дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё дар Шри-Ланка муштзанҳои ҷавони Қазоқистон аз ҳама бештар – 41 медали тилло – ба даст оварданд, хабар додааст sports.kz
Дастаи мунтахаби мардонаи Қазоқистон дар байни ҷавонони то 22-сола 10 медали тилло, дастаи занонаи ин кишвар 9 медали тилло гирифтанд.
Дар байни муштзанҳои то 18-сола бошад, қазоқҳо байни писарон соҳиби 10 медали тилло шуданд. Духтарони муштзани қазоқ ҳамаи 12 нишои тиллоро азони худ карданд.
Президенти Амрико гуфт, шояд рӯзҳои наздик аз музокира бо Эрон "хабарҳои хубе" ба даст ояд

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки дар музокироти ҳастаӣ бо Эрон пешрафте ҳосил шудааст ва ишора кард, ки шояд дар “ду рӯзи дигар” як “хабари хубе” садо бидиҳад. Вале ӯ ҷузъиёте надод. Трамп дар сӯҳбат бо хабарнигорон рӯзи 25 май дар робита бо гуфтугӯҳои рӯзи ҷумъаи миёни Амрикову Эрон дар Рум гуфт, “мо бо Эрон гуфтугӯи бисёр-бисёр хубе доштем”. Ӯ афзуд: “Намедонам, то куҷо дар давоми ду рӯзи дигар ман ба шумо хабари хуб ё баде расонида тавонам, вале эҳсоси ман ин аст, ки як чизи хубе хоҳам гуфт”.
Трамп афзуд, ки дар гуфтугӯҳои гузашта “мо пешрафти воқеӣ, пешрафти ҷиддие ба даст овардем”. “Биёед, бубинем, ки чӣ мешавад, вале ба фикрам мо метавонем дар ҷабҳаи Эрон ба хабарҳои хубе даст ёбем”, гуфт президенти ИМА.
Баъди даври панҷуми музокирае бо миёнҷигии Уммон дар Рум, матбуот дар бораи ишораҳои мухталифе хабар доданд. Пеш аз сафар ба Рум ҳам мақомот дар Вашингтон ва ҳам дар Теҳрон дар масъалаи ғанисозии ураниум мавқеи қотее нишон доданд, вале Аббос Арақчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон гуфт, ки баъди чандин пешниҳоди Уммон имконияти пешрафте ҳосил шудааст. Арақчӣ гуфт, “мо тоза як давраи бисёр касбии музокиротро анҷом додем... Мо ба мавқеи Эрон қотеона истодагарӣ кардем... Умедворем, дар як-ду ҷаласаи оянда битавонем ба роҳкорҳое бирасем, ки музокироти қобили пешрафт бошад”.
Эрон ва Амрико дар марҳилаи кунунӣ масъалаи дастёбии Эрон ба ғанисозии ураниумро баррасӣ доранд, ки дар сурати дасткашии Теҳрон аз он, Вашингтон ваъдаи бекор кардани таҳримҳоро медиҳад. Вашингтон аз табдили он ба силоҳи атомӣ нигарон аст. Эрон ҳифзи ин барномаро як масъалаи усулӣ медонад.
Баъди пирӯзии Паноҳӣ дар Канн мақомоти Эрон кордори Фаронсаро фаро хонданд

Мақомот дар Теҳрон барои изҳори назари, ба қавли онҳо “таҳқиромези” вазири корҳои хориҷии Фаронса дар робита бо пирӯзии филми коргардони эронӣ дар ҷашнвораи синамои Канн сафири он кишварро фаро хонданд. Дар саҳифаи Х Жан-Ноэл Барро, вазири корҳои хориҷии Фаронса рӯзи 24 май, баъди барандаи “Нахли тиллоӣ” эълон шудани филми Ҷаъфари Паноҳӣ ғалабаи ӯро “иқдоми муқовимат алайҳи режими саркӯбгари эронӣ” номид.
Дар маросими рӯзи шанбе Паноҳии 64-соларо барои филмаш “Як тасодуфи содда” бо шоҳҷоизаи озмуни байналмилалии синамо қадрдонӣ карданд. Дар ин филм панҷ қаҳрамони он зидди марде мубориза мебаранд, ки ба боварашон онҳоро дар дохили зиндон шиканҷа кардааст. Дар ин филм чандин ҳунарпешаи зан бидуни ҳиҷоби маҷбурӣ зоҳир шудаанд.
Хабаргузории IRNA рӯзи якшанбе навишт, ки “дар паи шарҳҳои таҳқиромез ва иттиҳомҳои беасоси вазири Фаронса..., кордори ин кишвар дар Теҳрон ба вазорат даъват шуд”. Дар он гуфта шудааст, ки Эрон “сӯиистифодаи ҳукумати Фаронса аз ҷашнвораи Канн” ба хотири “пешбурди ҳадафҳои сиёсиаш алайҳи Ҷумҳурии Исломиро маҳкум мекунад”. Дар ин бора хабаргузории Франс Пресс хабар додааст.
Дар ҳоле, ки дар ҷашнвораи Канн филми Паноҳӣ, ки аз таҷрибаи дар зиндони Эрон буданаш маншаъ мегирад, мавриди таваҷҷӯҳи зиёди мунаққидон қарор гирифт, дар дохили Эрон расонаҳои давлатӣ хабари пирӯзии филмро нодида гирифтаанд. Бархе расонаҳо, мисли оҷонсии Форс, аъзои ҳакамони ҷашнвораи Каннро “сиёсизада” номиданд. Нашрияҳои “Эътимод”, “Шарқ” ва “Ҳаммеҳан”-и ислоҳталабон хабари пирӯзии Паноҳиро на дар саҳифаи аввал, балки дар дохили нашрияшон чоп карданд.
Худи Паноҳӣ, ки аз соли 2010 баъди борҳо зиндонӣ шуданаш дигар ҳақи филмбардорӣ дар Эронро надорад, дар муроҷиаташ ба ширкатдорони ҷашнвораи Канн мардуми кишварашро ба ваҳдат даъват кард.
Рӯзи 26-уми май Паноҳӣ ва тими ҳунармандонаш баъди бозгашт ба Эрон дар фурудгоҳи Теҳрон бо истиқболи гарми ҳаводорон рӯбарӯ шуданд, ки шиори "Зан, зиндагӣ, озодӣ"-ро ба забон меоварданд.
Ин бори дуюм аст, ки як филмсози эронӣ барандаи “Нахли тиллоӣ”-и ҷашнвораи Канн мешавад. Соли 1997 Аббоси Киёрустамӣ барои “Таъми гелос” ҷоизаи Каннро бурда буд. Киёрустамӣ ҳам дар давоми фаъолияти эҷодиаш бо монеа барои кору фаъолият рӯбарӯ шудааст.
Шаш муҳоҷири фавтидаи тоҷикро дар Қубодиён дафн карданд

Шаш муҳоҷири тоҷикро, ки дар роҳ ба Русия ҷон бохта буданд, дар зодгоҳашон ноҳияи Қубодиён ба хок супориданд. Як манбаъ дар ҳукумати Қубодиён ба Радиои Озодӣ гуфт, маросими видоъ бо муҳоҷирон 25-уми май баргузор шуд.
Ба гуфтаи манбаъ, турбати шаш муҳоҷирро дар оромгоҳи деҳаи Зиракӣ дафн карданд.
Рӯзи 20-уми май як мошини муҳоҷирони тоҷик дар ҳудуди Қазоқистон ба садама дучор шуд. Дар ин ҳодиса шаш кас ба ҳалокат расида, панҷ тани дигар маҷруҳ шуданд. Аҳволи ду нафар аз захмиён вазнин гуфта мешавад.
Дар ин садама Аҳтам Каримови 36-сола, Назрулло Боқиеви 24-сола, Бахтигул Боқиеваи 40-сола, Юсуф Солиҳови 67-сола, Фаёзиддини Солиҳзодаи 35-сола ва Маҳмадюнус Аминзодаи 33-сола ҳалок шуданд.
Ҳазорон шаҳрвандони Тоҷикистон бо сабаби гарон будани нархи билети ҳавопаймо, тариқи роҳҳои заминӣ ба Русия мераванд.
Путин қонуни навро дар бораи назорати муҳоҷирон имзо кард

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия 23-юми май қонуни назорати муҳоҷиронро тавассути телефон имзо кард. Ин қонун муҳоҷиронро дар шаҳр ва вилояти Маскав муваззаф мекунад, ки тариқи барномаи махсуси телефонӣ, дар куҷо будани худро ба сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ хабар диҳанд.
Бар асоси ин санад, сар аз 1-уми сентябри имсол дар шаҳри Маскав ва вилояти ҳамноми он, таҷрибаи нав дар бораи макони ҷойгиршавии муҳоҷирон ҷорӣ мешавад. Агар мақомоти Русия дар муддати се рӯз ё бештар аз он дар бораи дар куҷо будани муҳоҷир маълумот нагиранд, пас ин шаҳрванди хориҷӣ ба рӯйхати шахсони зери назорат ворид карда мешавад. Ворид шудани номи шахс ба ин рӯйхат будубоши ӯро дар Русия манъ мекунад.
Ба ҷуз муҳоҷирон, тартиби нав барои ҳама шаҳрвандони хориҷие амалӣ карда мешавад, ки ба муддати зиёда аз 90 рӯз вориди Маскав ва вилояти ҳамноми он мешаванд. Ин тартиб дар навбати аввал ба муддати чор сол ва танҳо дар вилоят ва шаҳри Маскав амалӣ мешавад.
Дар назар аст, ки сар аз соли 2029 ин муқаррарот дар тамоми Русия ҷорӣ шавад.Баъди соли 2024 Русия барои муҳоҷирон қонунҳои сахтгирона ҷорӣ кард.
Украина ва Русия ду ҳазор асирро иваз карданд

Рӯзи 25-уми май Русия ва Украина табодули асиронро дар формати “1000 ба 1000” ба анҷом расониданд. Асиронро дар се навбат иваз карданд.
Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украина дар Телеграм навишт, "мо ҳатман ҳама асиронро бармегардонем".
Табодули асирони ҷангӣ ва шаҳрвандони асирафтода тибқи формулаи “1000 ба 1000”, дар музокироти ҳайатҳои Украина ва Русия дар Истанбул мувофиқа шуда буд. Ин нахустин музокироти мустақими ду кишвар дар се соли ахир буд.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳои русӣ ва украинӣ гузориш доданд, ки баробар бо табодули асирон, ҳамлаҳои густурдаи Русия ба Украина бо мушакҳои баллистикӣ ва паҳпод ба сӯи ҳамдигар анҷом шуд.
Мақомоти Украина мегӯянд, аз моҳи марти соли 2022 то ин замон, 5 757 шаҳрванди Украина аз асорати Русия озод шудаанд.
Кушта шудани 9 кӯдак дар Ғазза. Исроил ваъдаи таҳқиқ дод

Артиши Исроил гуфт, гузоришҳо дар бораи кушта шудани 9 кӯдак дар шаҳри Хон-Юнисро таҳқиқ мекунад.
Ба гуфтаи намояндагони гуруҳи "Ҳамос", рӯзи 24-уми май дар ҳамлаи ҳавоии артиши Исроил ба ҷануби Навори Ғазза, 9 кӯдак кушта шудааст. Гуруҳи "Ҳамос" дар Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ шинохта шудааст.
Ба гузориши Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандии Ғазза, ки зери назорати “Ҳамос” кор мекунад, кӯдакони кушташуда аъзоёни як оила буданд. Падари ин хонавода Ҳамдӣ ал-Наҷор ва ҳамсараш пизишк будаанд.
Маҳмуд Бассол, як намояндаи Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандии Ғазза гуфтааст, ҷасади кӯдакон аз зери харобаҳо пайдо шуд. Чанд нафари онҳо сӯхтаанд. Падари хонавода ва як кӯдаки даҳсолааш бо захмҳои вазнин зинда мондаанд. Онҳоро ба беморхонаи “Носир” интиқол додаанд.
Артиши Исроил ҳамла ба Хон Юнисро расман тасдиқ карда гуфт, мушак аз як ҳавопаймои бесарнишин "ба чанд гумонбар дар як бино бархӯрд.” Дар ин маҳалла неруҳои исроилӣ мустақар будаанд. Низомиёни Исроил мегӯянд, Хон-Юнис "минтақаи ҷангии хатарнок" аст ва маълумот дар бораи талафоти эҳтимолии ғайринизомиён "тафтиш карда мешавад".
Аврупо 20 бонки русиро аз низоми SWIFT маҳрум карданист

Иттиҳоди Аврупо ният дорад, ки зиёда аз 20 бонки Русияро аз низоми байнулмилалии SWIFT берун кунад. Дар ин бора Оҷонсии Bloomberg бо такя ба манобеаш хабар додааст.
Ба қавли ин манбаъ, маҳрум кардани зиёда аз 20 бонки русӣ аз низоми SWIFT, дар доираи бастаи нави таҳримҳои ИА алайҳи Маскав пешбинӣ шудааст.
Ба ҷуз ин, Иттиҳоди Аврупо эҳтимол нархи ҳар барел нафти Русияро аз 60 доллар то 45 доллар кам кунад. Бунёди хатти интиқоли гази “Ҷараёни шимол” шояд манъ шавад.
Ҳамчунин ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои нави тиҷоратӣ ба маблағи ҳудуди 2,5 миллиард доллар дар баррасии Иттиҳоди Аврупо аст. Ҳадаф аз ин, коҳиши даромади Русия ва маҳдуд кардани дастрасии он ба фанновариҳои низомӣ аст.
Ба гузориши Bloomberg, Комиссияи Аврупо дар бораи таҳримҳои нав алайҳи Маскав, бо аъзоёни Иттиҳоди Аврупо гуфтугӯ дорад. Санаи эълони таҳримҳои нав ҳанӯз маълум нест.
SWIFT низоми байнулмилалии бонкӣ аст. Баъди таҷовузи Русия алайҳи Украина дар феврали соли 2022, Амрико ва Иттиҳоди Аврупо даҳҳо бонки русиро аз SWIFT берун карданд. Вале сарфи назар аз ин, ба гуфтаи мақомоти Русия то охири соли гузашта қариб 200 бонки русӣ ба низоми SWIFT дастрасӣ доранд.
Истиқболи Туркия аз лағви таҳримҳо алайҳи Сурия

Туркия аз тасмими Амрико ва Иттиҳоди Аврупо барои бекор кардани таҳримҳо алайҳи Сурия истиқбол кард. Ин нукта дар дидори Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия ва Аҳмад аш-Шаръ, раҳбари муваққатии Сурия садо дод. Ин вохӯрӣ 24-уми май дар Истанбул баргузор шуд.
Ба гузориши расонаҳои маҳаллии Туркия ва Сурия, Эрдуғон ва Аҳмад Шаръ дар бораи бозсозии Сурия ва ҳамкориҳои амниятӣ гап задаанд.
Рӯзи 23-юми май маъмурияти Доналд Трамп аз бекор шудани баъзе таҳримҳо алайҳи Сурия ва содир шудани иҷозатнома барои сармоягузорӣ дар ин кишвар хабар дод. Иттиҳоди Аврупо низ ҳафтаи гузашта бо лағви тадриҷии таҳримҳо алайҳи Димишқ мувофиқат кард.
Таҳримҳои Амрико ва Иттиҳоди Аврупо зидди режими президенти пешин Башор Асад ҷорӣ шуда буданд, ки моҳи декабри соли гузашта аз қудрат барканор гардид.
Дар ҳамлаи Русия ба Украина се наврас ҳалок шудаанд

Рӯзи 25-уми май дар пайи ҳамлаи неруҳои Русия ба вилояти Житомир, воқеъ дар шимолу ғарби Украина 3 наврас ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора Хадамоти давлатии ҳолатҳои фавқулодаи Украина хабар додааст. Қурбониён 8, 12 ва 17 сола будаанд.
Ба гуфтаи мақомоти Украина, дар ин ҳамла 10 каси дигар маҷруҳ шудааст, ки дар беморхона бистарӣ шуданд. "Чанд хонаи сокинон ҳам хароб шуданд,"-омадааст дар хабарномаи расмӣ.
Дар ноҳияи Бердичевскийи вилояти Житомир ду кас, азҷумла як кӯдак захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти Украина, дар ин ҳамла як бинои панҷошёна ва чанд хонаи дигар зарар диданд.
Sky News: Русия ба Харков 50 ҳазор сарбози иловагӣ мефиристад

Русия талош дорад 50 ҳазор сарбозро ба хатти ҷанг дар вилояти Харкови Украина фиристад. Дар ин бора телевизиони Sky News хабар додааст.
Ба гузориши ин расона, то фаро расидани сардиҳо Маскав ҳамагӣ чор моҳ фурсат дорад, ки хатти дифои Украинаро дар вилояти Харков шиканад.
Манобеъ дар артиши Украина гуфтаанд, фармондеҳони Русия барои як ҳамлаи калон омода мешаванд.
Мақомоти Русия гузориши Sky News-ро шарҳ надодаанд.
Пештар президенти Украина Владимир Зеленский бори дигар дигар аз ИМА ва шарикони Киев дархост кард, ки фишор ва таҳримҳо алайҳи Русияро сахтар кунанд, то Маскав ба оташбас тан диҳад. Изҳороти Зеленский дар ҳоле садо дод, ки артиши Русия шаби 24-уми май бо даҳҳо мушаки баллистикӣ ва паҳпод ба шаҳрҳои Украина ҳамла кард.