Дар чор моҳ беш аз 20 ҳазор муҳоҷирро аз Русия пеш кардаанд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Додгоҳҳои Русия аз аввали сол то кунун бештар аз 20 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ аз ҷумла ҳазорон шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар хориҷ кардаанд. Дар ин бора хабаргузории Интерфакс бо такя ба дафтари матбуоти Идораи додгоҳҳо хабар додааст.