Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Як мардро барои бадрафторӣ дар Душанбе 17 сол зиндонӣ кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як марди 34-соларо барои бадрафторӣ бо чанд ноболиғ ба 17 соли зиндон маҳкум кардааст. Дар ин бора рӯзи 15-уми сентябр дафтари матбуоти Додгоҳ хабар дод. Ба иттилои манбаъ, Вадим Ивакин шаҳрванди Тоҷикистон аст ва маълумоти олӣ дорад. Ӯро бар асоси моддаи "ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ" гунаҳкор шинохтаанд. Маълум нест, худи ӯ дар додгоҳ ин иттиҳомро пазируфтааст, ё не. Вале аз рӯйи хабари Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои бозбинии ҳукм ба Додгоҳи шаҳри Душанбе муроҷиат кардааст. Додгоҳи пойтахт рӯзи 2-юми сентябр ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомониро бетағйир гузоштааст. Вадим Ивакин давраи ҷазоро дар муассисаи ислоҳии низомаш сахт адо хоҳад кард. Моҳҳои ахир чанд ҳодисаи таҷовуз ба номус ва амалҳои шаҳвонӣ нисбат ба хурдсолон дар Тоҷикистон расонаӣ шуд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Дар Варзоб бар асари як садама ду кас ҳалок ва 3 тан захмӣ шуданд

Шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ. Акс аз бойгонӣ.
Шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ. Акс аз бойгонӣ.

Дар пайи ба ҷарӣ сарозер шудани як мошин дар ноҳияи Варзоб, ду кас ба ҳалокат расида, се тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ҳодиса субҳи 26-уми май рух додааст. Манбаъ мегӯяд, мошини "Мерседес-Бенс" мутааллиқ ба як сокини ноҳияи Айнӣ бо чор мусофир ба чуқурии 400-500 метр меафтанд.

"Ронанда бо ду мусофираш ҷароҳати вазнин бардоштанд, ду мусофири дигар дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуданд",-омадааст дар хабарномаи расмӣ.

Мақомот гуфтанд, фавтидагон яке 61 ва дуввумӣ 29-сола буданд. Онҳо сокинони ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Масчоҳ будаанд.

Сабаби садама маълум нест, танҳо тахмин меравад, ки ронанда аз ӯҳдаи идораи мошин набаромадааст.

Тақрибан ҳар рӯз дар роҳҳои Тоҷикистон бар асари садамаҳои нақлиётӣ сокинон захмӣ ва ҳалок мешаванд.

Қоидаҳои фиристодани пул аз Русия тағйир меёбанд

Аз рӯзи 30-юми майи имсол қоидаҳои фиристодани маблағ аз Русия ба хориҷа тағйир меёбад.

Бар асоси тартиби нав, шаҳрвандони Русия ва ҳам хориҷиён акнун наметавонанд бидуни кушодани суратҳисоби бонкӣ дар як вақт аз 100 ҳазор рубл бештар интиқол диҳанд.

Қаблан ин гуна маҳдудият набуд ва хориҷиён метавонистанд танҳо бо шиноснома маблағи мехостаашонро ба хориҷа интиқол диҳанд. Вале дигар ин кор имконпазир нест.

Акнун дар вақти фиристодани зиёда аз ҳазор 100 ҳазор рубл, русиягиҳо ва ҳам хориҷиён бояд ҳама маълумотҳои заруриро ба бонк пешниҳод кунанд. Аз ҷумла, ҳамёни мобилии онҳо бояд тасдиқнамоӣ ё идентификатсия пурраро гузашта бошад.

Бонкҳои Русия ҳамчунин метавонанд дар вақти интиқоли зиёда аз 100 ҳазор рубл аз соҳибони маблағ маълумоти бештар талаб кунанд, аз ҷумла, дар бораи мақсади интиқол ва шахси қабулкунандаи пул.

Мақомоти Русия мегӯянд, бо ин роҳ аз қонунӣ кардан ё баровардани маблағҳое мубориза мебаранд, ки бо роҳи ҷиноят ба даст омадаанд.

Вале тартиби нав як сабукӣ ҳам дорад ва маҳдудият барои пардохтҳо аз корт ба корт пешбинӣ нашудааст.

Хабаргузории ТАСС менависад, маҳдудият дар интиқоли маблағ метавонад ба кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла, Тоҷикистон таъсир расонад. Зеро чанд миллион муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ дар Русия кор мекунанд ва маблағи фиристодаи онҳо барои хонавода ва кишварашон бисёр муҳим гуфта мешавад.

Тибқи гузориши Бонки Ҷаҳонӣ, соли 2024 маблағи фиристодаи муҳоҷирон 45 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Соли 2023 муҳоҷирон ба Тоҷикистон 5,7 миллиард доллар фиристодаанд, ки барои кишвар маблағи "рекордӣ" ба ҳисоб меравад.

Дуздии маблағи фонди хориҷӣ дар шаҳри Кӯлоб

Шаҳри Кӯлоб. Акс аз бойгонӣ.
Шаҳри Кӯлоб. Акс аз бойгонӣ.

Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, аз дуздии маблағ дар вақти амал кардани як лоиҳаи давлатӣ хабар додааст.

Ба гузориши ин ниҳод, моҳи июни соли 2023, Хоҷагии манзили коммуналӣ барои амалӣ кардани лоиҳаи обтаъминкунӣ дар шаҳри Кӯлоб бо ҶДММ "Назри И" шартнома имзо мекунад. Маблағи шартнома 1,6 миллион евро будааст.

Ба гуфтаи мақомот, мудири ин ширкат Нозимов И, "бо мақсади тасарруфи маблағҳои фонди кӯмаки хориҷӣ", арзиши молу маҳсулот ва корҳои иҷрошударо нисбат ба арзиш ва нархи воқеии он барзиёд нишон додааст.

Дар ҳоле, ки назари Нозимов ба иттиҳом маълум нест, Оҷонсӣ мегӯяд, ӯ бо роҳи зиёданависӣ, қариб 166 ҳазор сомониро тасарруф кардааст. Мақомот мегӯянд, алайҳи Нозимов бо иттиҳомҳои "тасарруфи воситаи фондҳои кӯмаки хориҷӣ" ва "сохтакорӣ", парванда боз карда, баъди таҳқиқ онро ба додгоҳ фиристодаанд.

Маълум нест, ки додгоҳ нисбати Нозимов барои дуздии маблағи фонди хориҷӣ чӣ ҷазо таъин кардааст. Мақомот ҳамчунин нагуфтаанд, ки ин нафар пули кадом фонди хориҷиро дуздидааст.

Тибқи хабарҳои расмӣ, соли 2022 Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои беҳтар шудани низоми обрасонӣ дар шаҳри Кӯлоб 7,5 миллион доллар ҷудо карда буд.

Холид Ургенҷ, иҷрокунандаи нақши Султон Сулаймонро ба зиндон маҳкум карданд

Холид Ургенҷ бо иҷрои нақши Султон Сулаймон дар сериали "Асри мӯҳташам" маъруф шудааст
Холид Ургенҷ бо иҷрои нақши Султон Сулаймон дар сериали "Асри мӯҳташам" маъруф шудааст

Додгоҳе дар Истанбул ҳунарпешаи маъруфи синамои Туркия Холид Ургенҷро бо иттиҳоми шоҳидии бардурӯғ ба 1 солу 10 моҳи зиндон маҳкум кардааст. Ин парванда ба эътирозҳои соли 2013 дар боғи Ғозӣ рабт дорад, навиштааст ТАСС бо такя ба нашрияи Sözcü. Дар оғоз айбдоркунандаи давлатӣ хостори ҳукми 4 соли ҳабс ба ҳунарпешаи 55-сола буд, вале баъд бо сабаби ин ки ҳунарпеша гузаштаи ҷиноӣ надоштааст, ҳукмашро сабук карданд.

Худи Ургенҷ гуфтааст, ки аз ин ҳукм розӣ нест ва аз болои он шикоят хоҳад кард. Ӯ гуфтааст, ки “ҳеҷ гоҳ дурӯғ нагуфтааст ва аз болои ин ҳукм шикоят хоҳад кард”.

Ҳукми додгоҳи Истанбул рӯзи 22 май содир шудааст.

Парвандаи зидди Ургенҷ бар асоси таҳқиқи кори мудири синамо Оиша Барим сохта шудааст, ки моҳи январи имсол бо иттиҳоми ташкили намоишҳои эътирозӣ дар боғи Ғозӣ дастгир шуд. Ин амали Баримро талоши табаддулоти далватӣ номиданд.

Дар парванда гуфта шудааст, ки Барим бо ҳомии ҳуқуқ Усмон Кавала дар тамос шуд. Барим иттиҳомҳоро рад карда гуфтааст, ки ба боғи Ғозӣ бо ташаббуси худ рафатаст ва робитааш бо Кавала ба хотири ҳамкориҳои синамоӣ будааст. Фарҳангиёни Туркия парвандаи зидди Баримро маҳкум карданд.

Бисёриҳо ин мурофиаро дорои ангезаҳои сиёсӣ ва идомаи саркӯбҳо дар Туркия меноманд.

Холид Ургенҷ бо иҷрои нақши Султон Сулаймон дар сериали "Асри мӯҳташам" маъруф шудааст.


Дар беш аз се соли ҷанг дар зиндонҳои Русия беш аз 200 низомии украинӣ ҷон додааст

Яке аз зиндонҳои Русия
Яке аз зиндонҳои Русия

Хабаргузории Associated Press бо такя ба иттилои СММ, ҳомиёни ҳуқуқ ва мақомоти расмии Украина менависад, ки аз замони ҳуҷуми васеъмиқёси Русия ба хоки он кишвар, дар маҳбасҳои Русия беш аз 200 низомии украинӣ ҷон додаанд.

Дар гузориши ин хабаргузорӣ инчунин ба маълумоти як коршиноси тиббию додгоҳии украинӣ ҳам ишора шудааст, ки даҳҳо ҷасади низомиёни даргузаштаро ташхис намудааст. Яке аз сабабҳои марги низомиён, ба эҳтимоли зиёд, хушунат дар зиндонҳои Русия мебошад, гуфта шудааст дар ин гузориш.

Мақомдороне, ки дар ин гузориш ҳамчун манбаъ истифода шудаанд, мегӯянд, шумори низомиёни украинии дар зиндонҳои Русия даргузашта далели муносибати бераҳмона бо сарбозони асир дар маҳсабҳои ин кишвар мебошад.

Мусоҳибони оҷонсии хабарӣ гуфтаанд, ки дар бисёр ҳолатҳо ба Украина ҷасадҳои вайроншударо медоданд, то ки далелҳои шиканҷаи онҳо, аз ҷумла, гуруснагӣ, адами кӯмаки тиббӣ ва дигар ҳолатҳо пинҳон монад. Ин ҷасадҳо аз даҳҳо зиндону боздоштгоҳҳои саросари Русия дастрас шудаанд.

Мақомот дар Русия аз шарҳи ин маълумот худдорӣ кардаанд. Аз ин пеш мақомоти Маскав Киевро дар муносибати бераҳмона бо ҳарбиёни рус гунаҳгор кардааст. СММ ин иттиҳомҳоро қисман тасдиқ карда? вале айни замон гуфтааст, ки қонун дар бораи тарзи муносибат бо асирони ҷангиро ҷониби Русия назар ба Украина бештар ва сангинтар вайрон кардааст.

Дар як гузориши СММ дар соли 2024 омадааст, ки 95% низомиёни аз асорати Русия озодшуда нақл кардаанд, ки мавриди шиканҷаи доимӣ қарор гирифтаанд. Дар миёни навъҳои шиканҷа латукӯб, истифодаи электрошокер, буғӣ кардан, хушунати ҷинсӣ, сохтакории қатл, дар ҳолати барои ҷисми инсон дардовар соатҳо нигоҳ доштани асирон ва бехоб мондани онҳо ёд мешавад.

Нашри "Дилнома"-и Сафар Абдуллоҳ дар Душанбе

Сафар Абдуллоҳ. Акс аз соли 2022
Сафар Абдуллоҳ. Акс аз соли 2022

Дар Душанбе маҷмӯаи ашъори Сафар Абдуллоҳ – адабиётшиноси маъруфи тоҷики муқими Қазоқистон нашр шуд.

Хабаргузории “Азия Плюс” бо нашри ин хабар менависад, ки “Дилнома” - нахустин ашъори чопшудаи Сафар Абдуллоҳ дар Тоҷикистон мебошад, ки ба 70-солагии адиб бахшида шудааст.

Адабиётшиноси маъруф Абдунабӣ Сатторзода дар пешгуфтори китоб навиштааст, ки “Мавзӯъҳои меҳварии шеъри Сафар Абдуллоҳ инҳоянд: ишқ ба Ватане, ки аз он ба иллати бӯқаламуниҳои замонааш – фоҷеаи солҳо 90-ум дур аз ёру диёр афтода; меҳр ба ёре, ки аз ӯ дур дар Ватан монда; ёди падару модар ва бузургони илму адаби миллат, ки марги нобаҳангом онҳоро рабуд; баёни ҳоли хеш ва гузашти умр; ёди айёми ҷавонию рафтани он ва фарорасидани даврони пирӣ ва ғайра”.

Сафар Абдуллоҳ аз адабиётшиносони маъруф дар Эрону Афғонистон буда, солҳои зиёде ба ҳайси устоди Донишгоҳи равобити байнулмилал ва забонҳои хориҷии Қазоқистон кор кардааст.

Чин дар 80% ҳолатҳои давр задани таҳримҳо ба Русия ёрӣ кардааст

Мақомот дар Олмон дар як гузориши пӯшидае навиштаанд, ки ба Русия дар 80% ҳолатҳои давр задани таҳримҳо Чин кӯмак мекунад. Ин маълумот, ки дар гузориши ВКХ Олмон нашр шудааст, ба дасти хабарнигорони нашрияи Süddeutsche Zeitung ва шабакаҳои телевизионии NDR и WDR афтодааст. Дар ин санад хулосаҳои ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди Аврупо оид ба парвандаҳои хориҷӣ дарҷ ёфтаанд, ки рӯзи 20 май дар шаҳри Брюссел барпо гардид. Дар он имкониятҳои тавсеаи режими таҳримҳои зидди Русия ва самаранокии таҳримҳои то ҳол ҷоришуда баррасӣ гардид.

Дар гузориш омадааст, ки Иттиҳоди Аврупо ба ин назар аст, ки таҳримҳо то ҳол ба иқтисоди Русия ва, аз ҷумла, дар мубориза бо флоти ҳарбии соягии Русия таъсири амиқе гузоштаанд. Инчунин пешниҳоде садо додааст, ки соҳилҳои баҳрии Туркия, Ҳинд ва Малайзия, ки бештар аз дигарон бо ин киштиҳои сиррӣ сарукор мегиранд, мавриди таҳрим қарор дода шаванд.

Дар гузориш инчунин омадааст, ки Брюссел “ба баъзе пешравиҳо” дар маҳдудсозии содироти маҳсулоти вобаста ба ҷанг тавассути кишварҳои сеюми мисли Арманистон, Сербия, Узбекистон ва Ҳинд даст ёфтааст, вале ҳамоно бо Қазоқистон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Туркия бархе мушкилот вуҷуд дорад.

Дар ин санад таъкид шудааст, ки Иттиҳоди Аврупо дигар ба дастгирии ИМА дар мубориза бо давр задани таҳримҳо алайҳи Русия наметавонад умедвор шавад. Музокирот дар ин бахш ноком шуд. Аз ҷумла, гуфта шудааст, ки дар мавриди режими таҳрими Русия миёни Иттиҳоди Аврупо ва ИМА дигар ҳеҷ тамосҳои муштарак вуҷуд надорад ва суръати ҳамкориҳои миёни кишварҳои Ҳафтгона дар заминаи маҳдудиятҳои нав “кундтар мешаванд”.


 Полиси Бритониё гуфт, ҳодисаи пахши издиҳом амали террористӣ нест

Баъди ҳодиса
Баъди ҳодиса

Шаҳрдори Ливерпул рӯзи 27 май гуфт, ки чор нафар аз маҷрӯҳшудагон дар натиҷаи бархӯрди мошине дар ҳолати «бисёр-бисёр» сангин қарор доранд. Рӯзи душанбе мошине издиҳоми мардумеро пахш кард, ки аз тамошои бозии Лигаи олии футбол берун шуда буданд.

Рейтерс навишт, полиси Бритониё гуфтааст, ки ин ҳодиса хусусияти инфиродӣ дорад ва амали террористӣ нест, ҳарчанд нагуфт, ки чӣ гуна ва чаро як ронанда тавонист мошинашро ба сӯи мардум ба ҳаракат дарорад.

Вақте мошин бозистод, даҳҳо нафари хашмолуд ба сӯи он шитофта, бо фиғон ба шишаҳояш заданд, то замоне, ки полис омада пеши роҳи онҳоро гирифт.

Полс гуфт, ки 20 нафарро дар ҷои ҳодиса ва 27 тани дигарро ба беморхонаҳо бурда ба онҳо ёрии тиббӣ расониданд. Дар миёни онҳо як нафарашон кӯдак буд.

Стив Ротерам, шаҳрдори Ливерпул ба BBC гуфтааст, ки ҳолати чор нафари онҳо сангин аст ва изҳори умедворӣ кард, ки тавонанд базудӣ аз ҳолати бӯҳронӣ берун шаванд.

Полис гуфт, ки бо гумони содир кардани ин ҳодиса як марди 53-солаи шаҳрванди Бритониё ва сокини Ливерпул боздошт шудааст.




Дар Остона нахустин ҳамоиши Итолиё ва Осиёи Марказӣ барпо мешавад

23 апрели соли 2024, Рум
23 апрели соли 2024, Рум

Рӯзи 30 май дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона қарор аст ҳамоиши раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Итолиё баргузор шавад. Ин нахустин ҳамоиш дар чунин чаҳорчӯб хоҳад буд, ки дар он ҳамкориҳои иқтисодию сиёсии миёни кишварҳои минтақа ва Итолиё баррасӣ мешавад. Қарор аст дар ин ҳамоиш президентони Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон – Қосимҷомарт Тоқаев, Эмомалӣ Раҳмон, Содир Ҷабборов, Шавкат Мирзиёев ва Сардор Бердимуҳаммадов бо нахуствазири Итолиё Ҷорҷиа Мелонӣ дидору гуфтугӯ кунанд.

Мелонӣ ба Остона аз шаҳри Самарқанд равона мешавад, ки он ҷо давоми рӯзҳои 28-29 май бо президент Мирзиёев ҳамкориҳо бо Узбекистонро баррасӣ мекунад.

Ба иттилои хабаргузории итолиёии Agenza Nova, вазири корҳои хориҷии Итолиё Антонио Таянӣ дар остонаи ин сафар дар мулоқоте бо сафирони Осиёи Марказӣ дар Рум гуфтааст, ки ҳадаф тақвияти ҳамкориҳо дар масоили мисли энержӣ, иртиботот, зерсохторҳо, мудирияти захираҳо об мебошад.

Дар ин мулоқот, ки ду ҳафта пеш барпо шудааст, Ҷамолиддин Убайдулло, сафири Тоҷикистон дар Рум ба имкониятиҳои фаннии Тоҷикистон таъкид карда гуфтааст, ки дар сурати сармоягузории Итолиё мешавад барои “рушди соҳаҳои мисли гидроэнергетика, металлургия, маъдан, саноати хурокворй ва туризм дар Тоҷикистон ҳамкориҳои муваффақе ба роҳ монд”. Ӯ гуфтааст, ҳамоиши Остона метавонанад барои эҷоди шарикии қавӣ мусоидат кунад.

Ҷузъиёти аз ин беш феълан нашр намешавад, ҳамчунон ки феълан маълум нест, то куҷо хоҳиши пешбурди ҳамкориҳои бештар расидагӣ ба масоили доғи мисли ҳуқуқи башар ва озодии баёнро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ пешбинӣ мекунад.

Ҳамаи кишварҳои минтақа бо нишондодҳои бад дар ин бахш маъруфанд ва раҳбарони минтақаро барои саркӯби озодиҳо ва зиндонӣ кардани мухолифону мунаққидони ҳукумат, аз ҷумла дар Тоҷикистон интиқод мекунанд.

Апрели соли 2024 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як сафари расмӣ ба Рум бо нахуствазири Итолиё Ҷорҷиа Мелонӣ дидору гуфтугӯ ва ҳафт санади ҳамкорӣ дар масоили амниятӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва сайёҳиро имзо карданд.

Дар чор моҳ 20 ҳазор муҳоҷирро аз Русия пеш кардаанд

Сахалин, Русия
Сахалин, Русия

Додгоҳҳои Русия аз аввали сол то кунун бештар аз 20 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ, азҷумла ҳазорон шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар хориҷ кардаанд. Дар ин бора хабаргузории Интерфакс бо такя ба дафтари матбуоти Идораи додгоҳҳо хабар додааст.

Бо сахттар шудани меъёру муқаррароти кор барои хориҷиён, бахусус муҳоҷирон дар Русия, ихроҷ ва ё рондани онҳо аз қаламрави ин кишвар идома дорад.

Хабаргузории Интерфакс рӯзи 26-уми май гуфт, ки дар муддати чор моҳи гузашта бо амри додрасҳои Русия андаке бештар аз 19 ҳазор муҳоҷирро аз кишвар берун кардаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2600 нафар камтар аст.

Дар чор моҳи аввали соли 2024 аз Русия бештар аз 2700 нафарро ихроҷ карда будаанд. Ба гуфтаи дафтари матбуоти идораи додгоҳҳои Русия, сабаби камтар шудани депортатсия ва ё ихроҷ фармони президент Владимир Путин аст, ки муҳлати қонунӣ кардани ҳузуру кори муҳоҷирон дар Русияро то рӯзи 10-уми сентябр дароз кард.

Видеоро инҷо бинед:

Дар чор моҳ беш аз 20 ҳазор муҳоҷирро аз Русия пеш кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:14 0:00

Владимир Путин моҳи декабри соли гузашта бо имзои як фармон аз муҳоҷирону хориҷиёне, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия зиндагӣ мекунанд, хост, ҳузурашонро қонунӣ кунанд, дар акси ҳол аз хоки Русия ронда мешаванд. Баъди ин амалиёту ҷустуҷуи муҳоҷирони қонуниву ғайриқонунӣ дар саросари Русия зиёд шуд ва олуда ба бадрафтории маъмурони милиса бо муҳоҷирон ҳам буд.

Охири моҳи март бо судури фармони дигаре ба муҳоҷирон 4 моҳи дигар муҳлат доданд, ки санадҳояшонро қонунӣ кунанд ва кор то ба ҷое расид, ки муҳоҷирон дар навбат паси дарҳои идораҳои муҳоҷират дасту по шикастанд ва ҳатто ҷон доданд.

Ба гуфтаи мақомоти Русия соли 2024 аз қаламрави ин кишвар 88 ҳазор хориҷиеро берун кардаанд, ки ғайриқонунӣ кору иқомат доштанд. Ба қавли мақомот, соли 2024 бештар аз 30 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро аз Русия ихроҷ кардаанд ва бисёр аз онҳо ҳақ надоранд, то 5 сол ба қаламрави ин кишвар баргарданд.

Шикоят аз он ҳам зиёд буд, ки баъзе аз ин афрод тамоми санадҳоро доштанд ва қонунӣ кору иқомат мекарданд, вале маъмурони милиса ҳеч яке аз онҳоро ба инобат намегирифтанд.

Русия мизбони асосии муҳоҷирони кории тоҷик аст ва бино ба гузоришҳо бештар аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар он кишвар кору иқомат мекунанд. Гузоришҳо дар бораи бадрафторӣ таҳқиру бадрафторӣ бо ин муҳоҷирон ва зери по кардани ҳуқуқи онҳо зиёд нашр мешавад.

Аврупо маҳдудияти истифодаи силоҳро барои Украина бекор кардааст

Садри аъзами Олмон Фридрих Мертс
Садри аъзами Олмон Фридрих Мертс

Кишварҳои аврупоӣ ба Украина иҷозат додаанд, ки аз силоҳҳои додаи онҳо бо ҳадафи мудофиа ба дохили Русия зарба занад. Дар ин бора Садри аъзами Олмон Фридрих Мертс хабар додааст.

"Дигар ҳеҷ гуна маҳдудият барои истифодаи таслиҳот ба Украина вуҷуд надорад - на аз ҷониби Бритониё, на Фаронса ва на аз ҷониби мо. Аз ҷониби Амрико низ ҳеҷ гуна маҳдудият вуҷуд надорад," - қайд кард Мертс.

Ба гуфтаи Садри аъзами Олмон, Киев метавонад бо ҳадафи дифоъ аз худ, ба иншоотҳои низомии Русия ҳамла кунад.

Фридрих Мертс дар гузашта чанд бор даъват кардааст, ки кӯмакҳои таслиҳотӣ ба Украина зиёд карда шаванд.

Расонаҳо: Трамп таҳримҳои навро алайҳи Русия баррасӣ мекунад

Доналд Трамп
Доналд Трамп

Президент Доналд Трамп ин ҳафта ҷорӣ кардани таҳримҳои нав алайҳи Русияро баррасӣ мекунад. Дар ин бора нашрияи Wall Street Journal бо такя ба манобеаш дар Кохи Сафед гузориш додааст.

Ба гузориши манбаъ, ҳадаф аз таҳримҳои нав маҷбур кардани Владимир Путин ба гузашт ва қабули оташбас дар ҷанг алайҳи Украина аст.

Нашрияи Wall Street Journal мегӯяд, дар бораи таҳримҳои нав ҳанӯз тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст ва Трамп метавонад аз ин кор даст кашад.

Рӯзи 25-уми май Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико аз амалкарди ҳамтои русаш Владимир Путин интиқод карда гуфт, ҷорӣ кардани таҳримҳои нав алайҳи Маскавро баррасӣ мекунад. Трамп дар як изҳороти бесобиқа тундлаҳнаш гуфт, раҳбари Русия Владимир Путин "комилан девона шудааст." Изҳороти раиси ҷумҳури Амрико дар пайи он садо дод, ки артиши Русия рӯзҳои ахир ҳамлаи густурдаеро бо паҳпод ва мушак алайҳи Украина оғоз кардааст.

Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии Global Peace як зина беҳтар шуд

Яке аз хиёбонҳои Душанбе
Яке аз хиёбонҳои Душанбе

Тоҷикистон дар раддабандии кишварҳои амн мавқеъи худро як зина беҳтар кардааст.

Дар гузориши солонаи Global Peace, ки Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва сулҳ нашр кард, Тоҷикистон дар байни 163 кишвари ҷаҳон аз нигоҳи амну осоиш дар ҷойи 72-юм қарор гирифтааст.

Дар ин раддабандӣ Тоҷикистонро аз нигоҳи сатҳи ҷинояткорӣ, вуҷуди низоъҳои дохиливу хориҷӣ, суботи сиёсӣ, хароҷоти мудофиа ва дигар нишондодҳо баҳо додаанд. Дар 10 соли охир Тоҷикистон дар ин раддабандӣ мавқеъи худро 37 зина беҳтар кардааст.

Русия ва Украина мутаносибан дар ҷойҳои 156 ва 159-ум ва дар қатори кишварҳои ноамн қарор гирифтаанд. Дар поёни ин рӯйхат Яман қарор дорад, ки аз даргириҳои мусаллаҳона, бӯҳрони башарӣ ва бесуботии сиёсӣ ранҷ мебарад.

Ба панҷгонаи кишварҳои осоиштаи ҷаҳон Исландия, Ирландия, Австрия, Зеландияи Нав ва Сингапур шомил гардидаанд. Ин давлатҳо бо сатҳи баланди амният, сатҳи пасти ҷинояткорӣ, набуди низоъҳои дохиливу байналмилалӣ ва муассисаҳои устувори идоракунӣ фарқ кардаанд.

Бино ба ин гузориш, соли 2024, дар умум сатҳи амният дар тамоми ҷаҳон бадтар шудааст. Муаллифони тадқиқот бад шудани вазъро дар 97 кишвари ҷаҳон таъкид карда, сабабро ба афзоиши ташаннуҷи сиёсӣ, низоъҳои мусаллаҳона ва бӯҳронҳои дохилии сиёсиву иқтисодӣ рабт додаанд.

"Аз пули ҷудошуда нисфашро дуздидаанд." Боздошти ду мақомдори Шабакаҳои барқ

Сардори “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и Истаравшан боздошт шудааст. Мақомот ӯ ва роҳбари пешини филиали ширкатро ба дуздии 740 ҳазор сомонӣ гумонбар медонанд. Назари боздоштшудаҳо ва наздиконашон ба иттиҳом маълум нест.

Вазорати корҳои дохилӣ 26-уми май дар хабарномае навишт, гумонбаршудаҳо моҳи майи соли 2022 аз 1,4 миллион сомонӣ ($140 ҳазор) пуле, ки барои харидории трансформатор ҷудо шуда буд, нисфашро дуздидаанд.

Мақомот номи сардори феълӣ ва пешини «Шабакаҳои тақсимоти барқ»-и Истаравшанро зикр накардаанд. Танҳо гуфтаанд, яке 39 ва дигарӣ 51 сола ҳастанд. Мақомот алайҳи ин ду мақомдор бо иттиҳомҳои азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, сӯиистифода аз ваколат ва сохтакории ҳуҷҷатҳо парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд.

Ҳамчунин як корманди ҶДММ «Фарзина» ҳам бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҷиноят боздошт шудааст.

Дар як соли ахир ин бори дуюм аст, ки кормандони “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и Истаравшан бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт мешаванд. Пештар Оҷонсии зиддифасод аз дуздии амволро ба маблағи зиёда аз 1,2 млн сомонӣ дар “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и Истаравшан хабар дода буданд.

Дар Арабистони Саудӣ фурӯши бомаҳдудияти машруботро иҷоза хоҳанд дод

Арабистони Саудӣ дар соли 2026 фурӯш ва истеъмоли бомаҳдудияти машруботи алкоҳолиро иҷоза хоҳад дод. Дар ин бора нашрияи ҳиндии The Economic Times хабар дода гуфтааст, ки чунин тасмим дар доираи омодагиҳо ба Намоишгоҳи ҷаҳонии EXPO 2030 ва Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футболи соли 2034 гирифта шудааст.

Ба навиштаи ин расона, фурӯши машрубот танҳо дар минтақаҳои муайян ва на дар бештар аз 600 ҷой иҷоза дода мешавад. Ин асосан меҳмонхонаву осоишгоҳҳо барои ҷаҳонгардон хоҳад буд. Танҳо муассисаҳои соҳиби иҷозатнома ва фурӯшандаҳои омӯзишдида ҳақи фурӯши машруботро хоҳанд дошт.

Дар ин муассисаҳо фурӯши оби ҷаву май иҷоза дода хоҳад шуд. Фурӯши машруботи сангини алкоҳолӣ мисли ҳамеша манъ мебошад. Тағйирот дар сиёсати машруботи кишвар бахше аз барномаи давлатии рушди иқтисод то соли 2030 гуфта мешавад.

Як ҳадафи ин барнома рушди соҳаи туризм аст. Ин чиз боиси афзоиши ҷойҳои корӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ хоҳад шуд. Дар Арабистони Саудӣ аз соли 1952 қарори манъи фурӯш ва истеъмоли машруботи алкоҳолӣ амал мекунад.


Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG