Дар чанд ҷумла
"Дифоъ кунед." Дархости CPJ аз раҳбарони Конгресси Амрико

Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон (CPJ) аз раҳбарони Конгресс хостааст, ки аз USAGM ё Оҷонси Расонаҳои Байнулмилалии Амрико ҳимоят кунанд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 14-уми март дар бораи ихтисори шадиди буҷаи ҳафт ниҳод, аз ҷумла USAGM дастур дод. Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ бахше аз ин Оҷонсӣ аст.
Рӯзи 15-уми март Кэри Лейк (Kari Lake), мушовири аршади мудири муваққати USAGM, дар номае эълон кард, ки ёрии тасдиқшуда аз тарафи Конгресс қатъ гардид.
Карлос Мартинез де ла Серна, мудири Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон, қароргоҳаш дар Ню-Йорк, дар баёнияе гуфт, “ин ки Кохи Сафед қасд дорад ин ниҳоди таъминшуда аз сӯи Конгрессро, ки аз рӯзноманигории мустақил дар баробари ривоятҳои ҳукуматҳои худкома ҳимоят мекунад, суст кунад, иқдоме такондиҳанда аст.”
Ӯ рӯзи 15-уми март афзуд, “аз раҳбарони Конгресс мехоҳем, аз ин ниҳоди ҳаётӣ, ки ахбори бидуни сензураро барои кишварҳое бо расонаҳои маҳдуд нашр мекунад, дифоъ кунанд.”
Буҷаи USAGM барои соли молии 2025 ба маблағи 950 миллион доллар дархост шудааст ва ин пул барои кор ва пардохти маоши кормандон равона мешавад.
Ин оҷонсӣ кори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, Садои Амрико, Радиои Осиёи Озод, Радиои Мартӣ (барои Куба), шабакаҳои Ховари Миёна ва Бунёди фанновариҳои бозро назорат мекунад.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Боздошти ҳафт нафар дар Русия бо гумони узвият дар созмони террористӣ

Мақомоти Русия мегӯянд, дар шаҳри Нижний Новгород ҳафт нафарро бо гумони узвият дар созмони терористӣ боздошт кардаанд. ФСБ ва ё Хадамоти амнияти федералӣ рӯзи 27-уми май гуфт, ки ҳамаи онҳо зодагони яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд, ки гуё бо паҳн кардани ғояҳои террористӣ миёни муҳоҷирон сафи аъзои созмони худро аз ҳисоби онҳо зиёд мекарданд.
Номи ҳеч яке аз созмонҳои террористӣ дар ин хабар наомадааст. Хадамоти мазкур бо нашри видеое аз ҷараёни боздошти гумонбарон гуфтааст, ки ин гурӯҳи ифротиён бо дастури раҳбарашон, аз Полша ва ё Лаҳистон амал мекарданд.
Хадамоти амнияти федеролӣ бар зидди ду нафар аз боздоштшудагон парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст ва додгоҳ амр додааст, ки онҳо то замони анҷоми таҳқиқи парванда ва то 19-уми июл дар боздоштгоҳ бимонанд. Панҷ нафари боқимондаро аз Русия ихроҷ мекунанд.
Шаҳрвандии ин афродро ошкор накардаанд, вале дар видео санадҳо аз ҷумла шиносномае дида мешавад, ки зоҳиран айни шиносномаи Узбекистон аст. Ҳомиёни ҳуқуқ ва муҳоҷирон баъзан ба дурустии ин гуна боздоштҳо ва иттиҳомоти мақомоти тафтишотии Русия бо шубҳа менигаранд ва мегӯянд, гоҳо чунин амалиёт бо ҳадафи вонамуд кардани муборизаи ниҳодҳои интизомии Русия бо терроризм саҳнасозӣ мешаванд.
Ҳукми қатли Педром Маданӣ барои "ҷосусӣ ба нафъи Исроил" ба иҷро даромад

Эрон гуфт, ки ҳукми қатли марди айбдоршуда ба “ҷосусӣ ба манфиати Исроил”-ро ба иҷро дароварданд. Қаблан гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи инсон гуфтанд, дар таҳқиқи парвандаи Педром Маданӣ қонунҳои тафтишот ҷиддан вайрон шуда эътирофи ӯ дар шароити фишору таҳдид ба даст омадааст, рӯзи 28 май оҷонсии Мизони вобаста ба низоми додгустарии Эрон навишт, ки Маданиро бар асоси иттиҳоми “ҷосусӣ ба нафъи Исроил” ва “дастрасӣ ба сарват аз роҳҳои ғайриқонунӣ” қатл карданд.
Созмони эронии ҳомии ҳуқуқи инсон гуфт, ки баъди интиқоли Маданӣ ба зиндони низомаш сангини Эвин дар Караҷ, рӯзи 25 май иҷоза доданд, ки ӯ бо аҳли оилааш дидор кунад ва зоҳиран, ин охирин мулоқоти онҳо буд. Созмон се рӯз пеш дар изҳороташ гуфт, ки ҳаёти Маданӣ дар хатар аст.
Педром Маданиро соли 2020 бо иттиҳоми ҷосусӣ ба манфиати Исроил боздошт карданд. Ӯро ба ҳукми қатл маҳкум карданд, Додгоҳи олӣ ин ҳукмро се бор бекор карда ҳар бор ин ҳукмро додгоҳи баробарвазни дигар барқарор кардааст.
Ба иттилои Human Rights Watch, дар Эрон нишондодҳои қатли инсон хеле ваҳшатнок буда, танҳо дар 25 рӯзи моҳи маи соли 2025 низоми додгустарии ин кишвар ҳукми қатли 113 нафарро иҷро кардааст. Ба итилои созмони ҳомии ҳуқуқи инсони воқеъ дар Осло, соли ҷорӣ ҳукми қатли 478 нафар дар Эрон тасдиқ шудааст ва ин 75 дарсад бештар назар ба ҳамин мӯҳлати соли гузашта мебошад.
Федерико Борелло, иҷрокунандаи муваққатии вазифаи раиси Human Rights Watch гуфт, “дар давоми панҷ моҳи соли 2025 мақомот дар Эрон дар як рӯз ба ҳисоби миёна се нафарро қатл кардаанд”. Ӯ гуфтааст, дар миёни қатлшудаҳо асосан дигарандешон ва мардуми ба канор задашуда, аз ҷумла, қурбониёни сиёсати бераҳмонаи зидди маводи мухаддир ҳастанд.
“Чунин бархӯрди мақомоти Эрон дахолати билофосилаи ҷомеаи байналмилалиро ба хотири хатми ҳамаи ҳукмҳои қатл ва ҷорӣ кардани моратория ба иҷрои ҳукми қатл тақозо мекунад”, гуфт Борелло.
СММ-ро дар конфронси Душанбе муовини Гутерриш намояндагӣ мекунад

Амина Муҳаммад, муовини аввали Дабири кулли СММ рӯзи 28-уми май ба Тоҷикистон меравад, то дар Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо иштирок кунад. Ин конфронс қарор аст аз 29 то 31 май дар Душанбе барпо шавад. Стефан Дюжаррик, сухангӯи СММ дар изҳороташ гуфт, Амина Муҳаммад дар ин нишаст ба намояндагӣ аз дабири кулли СММ иштирок хоҳад кард.
“Дар ин конфронс хонум Муҳаммад ба тавсеаи тадбирҳои муҳитзистӣ ба хотири дастёбӣ ба ҳадафи 1,5 дараҷа таъкид хоҳад кард, то ки таъсири обшавии пиряхҳо ба ҳаёти мардум ва сайёра коҳиш дода шавад. Инчунин дар сафараш ба Душанбе муовини дабири кулл бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон ба хотири тақвияти ҳамкориҳои СММ дар бахшҳои ҷавонон ва занон ва дигар сохторҳо мулоқот ва гуфтугӯ мекунад”.
СММ мегӯяд, бар пояи созишномаи Париж, кишварҳои имзогузор ӯҳдадор шудаанд, ки партобҳои газҳои гулхонаиро дар ҷаҳон коҳиш диҳанд, то ки дар дарозмуддат ҳарорати миёна дар сатҳи Замин дар муқоиса бо сатҳи то замони саноатисозӣ дар нишондоди пасттар аз 2 дараҷа Селсия нигоҳ дошта шуда, талошҳои то ба 1,5 дараҷаи Селсия маҳдуд кардани ҳарорат тақвият дода шавад.
Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, дар ҳамоиши Душанбе беш аз 2200 намоянда аз 65 кишвари аъзои Созмони Милал ва 70 созмони байнулмилалӣ ширкат хоҳанд кард. Дар миёни онҳо - нахуствазирони чанд кишвар ва ноибони президентон ҳам мебошанд. Рӯзи 28 май президент Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе бо ноиби президенти Бонки Осиёии Рушд Ингминг Янг ва Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология Селеста Сауло мулоқот кард, ки барои иштирок дар ин конфронс дар Тоҷикистон қарор доранд.
Интизор меравад дар поёни ин ҳамоиш Эъломияи Душанбе дар бораи пиряхҳо қабул шавад.
Тоҷикистон, ки 93 дарсади ҳудудаш куҳсор аст, яке аз сарчашмаҳои асосии таъмини оби тоза дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Ҳукумати Тоҷикистон солҳост, ки аз обшавии пиряхҳо нигаронӣ мекунад.
Расонаҳои давлатии Тоҷикистон ҳамеша аз он тавсиф мекунанд, ки бо ташаббуси Душанбе чанд қатъномаи Созмони Милал дар бораи об қабул шудааст. Аммо мунтақидон мегӯянд, бо вуҷуди талоши дастёбӣ ба эътибори байналмилалӣ, мақомот дар Тоҷикистон барои ҳалли мушкили дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ваё пешгирӣ аз селу обхезиҳои пурқурбонӣ дар дохили кишвар кори каме ба субут мерасонанд.
Тибқи иттилои Корхонаи хоҷагии манзилию комуналӣ, танҳо 66 дарсади аҳолии Тоҷикистон бо оби ошомиданӣ таъмин аст ва ҳар сол дар паи селу обхезиҳо даҳҳо нафар зарар мебинанд.
Келлог аз мулоқоти эҳтимолии Трамп, Зеленский ва Путин дар Женева хабар дод

Кит Келлог, намояндаи вижаи президенти ИМА гуфт, мулоқоти эҳтимолии президентони ИМА, Украина ва Русия - Доналд Трамп, Владимир Зеленский ва Владимир Путин метавонад дар шаҳри Женеваи Швейсария барпо шавад. Дар ин бора Келлог дар сӯҳбаташ бо телевизиони Fox News хабар дод. Келлог гуфт, ки ИМА аллакай аз ҷониби Украина санадеро бо феҳристи шартҳои оташбас ба даст овардаанд ва айни чунин санадро аз Русия мунтазир мебошад.
Келлог гуфт, «вақте президент Трам бо президент Путин каме бештар аз як ҳафта пеш сӯҳбат доштанд, русҳо гуфтанд, ки як ба истилоҳ ёддоште омода мекунанд, ки дар он рӯйхати талабҳо зикр мешавад. Бо ҳамин роҳ мо ба сулҳ даст меёбем. Мо аллакай чунин як санадро аз украиниҳо ба даст овардаем, ҳоло бояд аз русҳо бигирем».
Ӯ афзуд, ки амрикоиҳо мехостанд чунин мулоқоте дар Ватикан барпо шавад, вале русҳо нахостанд ба он ҷо сафар кунанд. Аз ин рӯ шаҳри Женеваро ҳамчун дигар ҷои имконпазир барои ташкили мулоқоти се раҳбар баррасӣ доранд. Тасдиқи расмии санаву шакли мулоқоти эҳтимолии сеҷониба феълан дар даст нест.
Сафари Рустами Эмомалӣ ба Маскав

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон субҳи 28 май дар ҳайате ба Маскав парвоз кард. Дар ин сафар ӯро раҳбарони кумитаҳо ва раиси дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ношири хабар оҷонсии расмии “Ховар” ҷузъиёте дар бораи ҳадафҳои ин сафар ваё барномаи мулоқотҳояш дар пойтахти Русия чизе намегӯяд.
Дар гузашта ӯ бо даъвати раиси Шӯрои федератсияи Русия Валентина Матвиенко ба Маскав сафарҳо доштааст.
Рустами Эмомалӣ писари калонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст ва чандин сол аст ӯро вориси мақоми падар меноманд.
Раҳмон дар давоми солҳои истиқлолият як ҳукумати худкомаи оилавӣ бунёд кардааст ва бо вуҷуди танқидҳои шадиди байналмилалӣ, ба бовари мухолифони тоҷик, нақшаи интиқоли қудратро ба манфиати писараш амалӣ мекунад.
Ҳамкориҳои хуб бо Кремлу Русия яке аз шартҳои муҳими ин нақша гуфта мешавад.
Дар як корхонаи кимиёии Чин таркиши пуриқтидоре рух дод

Дар як корхонаи кимиёӣ дар Чин таркише рух дод. China Daily бо такя ба вазорати ҳолатҳои изтирории Чин рӯзи 28 май гуфт, ҳодиса дар корхонаи Shandong Youdao Chemical дар шаҳри Гаомии вилояти Шандун рух дод.
Феълан дар бораи талафоти ҷонӣ маълумоти дақиқе нашр намешавад. Тамоми хадамоти ёрии изтирорӣ дар ҷои ҳодиса қарор доранд. Сабаби таркиш маълум нест, вале иқтидори таркиш чунон сахт будааст, ки дар хонаҳои атрофи корхона шишаҳо рехтаанд.
Корхонаи мазкур бо истеҳсоли заҳрҳои кушанда барои истифода дар соҳаи кишоварзӣ, доруворӣ ва дигар маҳсулоти кимиёӣ машғул будааст.
Сафоратҳои ИМА дастур гирифтаанд, мусоҳибаҳоро барои визаҳои донишҷӯӣ боздоранд

Ба иттилои расонаҳои амрикоӣ, сафоратҳои ИМА аз Кохи Сафед дастур гирифтаанд, ки баргузории мусоҳибаҳо барои довталабони визаи донишҷӯиро муваққатан боздоранд, чун мехоҳанд аризадиҳандагонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисанҷанд. Дар ин бора 28 май Politico ва CNN хабар доданд. Ҳарду расона ба як дастури дипломатие ишора мекунанд, ки онро котиби давлатии ИМА Марко Рубио ба сафоратхонаҳои ИМА дар давлатҳои хориҷӣ ирсол кардааст.
Дар ин санад, аз ҷумла, омадааст:
“Аз ин лаҳза эътиборан дар ҷараёни омодагӣ ба тавсеаи тафтишу санҷишҳои ҳатмӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ идораҳои консулӣ набояд шумори ҷойҳо барои сӯҳбат бо мақсади гирифтани визаи студентӣ (визаҳои навъи F, M ва J)-ро афзоиш диҳанд, то замоне, ки дастурҳои ҷудогонае, ки мо онҳоро рӯзҳои наздик интизор ҳастем, нашр нашаванд”.
Маълум нест, довталабони визаҳои донишҷӯӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз кадом ҷиҳат тафтиш ва санҷида мешаванд. Politico менависад, ки агар маъмурияти Трамп ин нақшаашро иҷро кунад, ин ҳолат боиси таъхири ҷиддӣ дар визаҳои донишҷӯӣ гардида ба ҷараёни таълим дар донишгоҳҳои амрикоӣ, ки аз маблағҳои донишомӯзони хориҷӣ бисёр сахт вобаста ҳастанд, таъсири манфӣ мерасонад.
Феълан маълум нест, ки оё ин дастур дар Тоҷикистон чӣ гуна татбиқ мешавад ва агар ба иҷро даромад, ба чӣ шуморе аз довталабон таъсир хоҳад расонид. Вале ба иттилои "Садои Амрико", дар соли 2023 дар муассисаҳои таълимии ИМА 170 донишомӯз аз Тоҷикистон таҳсил мекарданд. Барои бисёр ҷавонон, ИМА кишвари фурсатҳо мебошад ва шумори зиёде мехоҳанд дар ин кишвар таҳсил ва зиндагӣ кунанд.
Аз ин пеш ҳам маъмурияти Кохи Сафед барои санҷидани шабакаҳои иҷтимоӣ тадбирҳое ҷорӣ карда буд, вале асосан онҳо ба донишҷӯёне рабт дошт, ки ба ИМА бармегаштанд ва метавонистанд дар эътирозҳои зидди амалҳои Исроил дар Ғазза иштирок карда бошанд.
Маъмурияти Трамп инчунин иқдомҳоеро амалӣ мекунад, ки ба назорати сахттар аз кори донишгоҳҳо равона шудааст, чун онҳоро, ба қавли мақомоти амрикоӣ, дар либерализми аз ҳад зиёд ва чампӯшӣ ба зуҳуроти яҳудиситезӣ дар дохили биноҳои донишгоҳҳо гунаҳгор мекунанд. Дар ин байн, зарбаи сахттаринро донишгоҳи маъруфи Ҳарвард таҷриба мекунад.
Маъмурияти Трамп ин муассисаи бонуфузро дар яҳудиситезӣ ба ҳангоми маъракаҳое ба ҷонибдории фаластиниҳо дар солҳои 2023-24 гунаҳгор кардааст. Донишгоҳи Ҳарвард бо ин иттиҳомҳо розӣ нест ва мегӯяд, ки маъмурияти Кохи Сафед аз салоҳиятҳояш берун рафтааст.
Дар Варзоб бар асари як садама ду кас ҳалок ва 3 тан захмӣ шуданд

Дар пайи ба ҷарӣ сарозер шудани як мошин дар ноҳияи Варзоб, ду кас ба ҳалокат расида, се тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ҳодиса субҳи 26-уми май рух додааст. Манбаъ мегӯяд, мошини "Мерседес-Бенс" мутааллиқ ба як сокини ноҳияи Айнӣ бо чор мусофир ба чуқурии 400-500 метр меафтанд.
"Ронанда бо ду мусофираш ҷароҳати вазнин бардоштанд, ду мусофири дигар дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуданд",-омадааст дар хабарномаи расмӣ.
Мақомот гуфтанд, фавтидагон яке 61 ва дуввумӣ 29-сола буданд. Онҳо сокинони ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Масчоҳ будаанд.
Сабаби садама маълум нест, танҳо тахмин меравад, ки ронанда аз ӯҳдаи идораи мошин набаромадааст.
Тақрибан ҳар рӯз дар роҳҳои Тоҷикистон бар асари садамаҳои нақлиётӣ сокинон захмӣ ва ҳалок мешаванд.
Қоидаҳои фиристодани пул аз Русия тағйир меёбанд

Аз рӯзи 30-юми майи имсол қоидаҳои фиристодани маблағ аз Русия ба хориҷа тағйир меёбад.
Бар асоси тартиби нав, шаҳрвандони Русия ва ҳам хориҷиён акнун наметавонанд бидуни кушодани суратҳисоби бонкӣ дар як вақт аз 100 ҳазор рубл бештар интиқол диҳанд.
Қаблан ин гуна маҳдудият набуд ва хориҷиён метавонистанд танҳо бо шиноснома маблағи мехостаашонро ба хориҷа интиқол диҳанд. Вале дигар ин кор имконпазир нест.
Акнун дар вақти фиристодани зиёда аз ҳазор 100 ҳазор рубл, русиягиҳо ва ҳам хориҷиён бояд ҳама маълумотҳои заруриро ба бонк пешниҳод кунанд. Аз ҷумла, ҳамёни мобилии онҳо бояд тасдиқнамоӣ ё идентификатсия пурраро гузашта бошад.
Бонкҳои Русия ҳамчунин метавонанд дар вақти интиқоли зиёда аз 100 ҳазор рубл аз соҳибони маблағ маълумоти бештар талаб кунанд, аз ҷумла, дар бораи мақсади интиқол ва шахси қабулкунандаи пул.
Мақомоти Русия мегӯянд, бо ин роҳ аз қонунӣ кардан ё баровардани маблағҳое мубориза мебаранд, ки бо роҳи ҷиноят ба даст омадаанд.
Вале тартиби нав як сабукӣ ҳам дорад ва маҳдудият барои пардохтҳо аз корт ба корт пешбинӣ нашудааст.
Хабаргузории ТАСС менависад, маҳдудият дар интиқоли маблағ метавонад ба кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла, Тоҷикистон таъсир расонад. Зеро чанд миллион муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ дар Русия кор мекунанд ва маблағи фиристодаи онҳо барои хонавода ва кишварашон бисёр муҳим гуфта мешавад.
Тибқи гузориши Бонки Ҷаҳонӣ, соли 2024 маблағи фиристодаи муҳоҷирон 45 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Соли 2023 муҳоҷирон ба Тоҷикистон 5,7 миллиард доллар фиристодаанд, ки барои кишвар маблағи "рекордӣ" ба ҳисоб меравад.
Дуздии маблағи фонди хориҷӣ дар шаҳри Кӯлоб

Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, аз дуздии маблағ дар вақти амал кардани як лоиҳаи давлатӣ хабар додааст.
Ба гузориши ин ниҳод, моҳи июни соли 2023, Хоҷагии манзили коммуналӣ барои амалӣ кардани лоиҳаи обтаъминкунӣ дар шаҳри Кӯлоб бо ҶДММ "Назри И" шартнома имзо мекунад. Маблағи шартнома 1,6 миллион евро будааст.
Ба гуфтаи мақомот, мудири ин ширкат Нозимов И, "бо мақсади тасарруфи маблағҳои фонди кӯмаки хориҷӣ", арзиши молу маҳсулот ва корҳои иҷрошударо нисбат ба арзиш ва нархи воқеии он барзиёд нишон додааст.
Дар ҳоле, ки назари Нозимов ба иттиҳом маълум нест, Оҷонсӣ мегӯяд, ӯ бо роҳи зиёданависӣ, қариб 166 ҳазор сомониро тасарруф кардааст. Мақомот мегӯянд, алайҳи Нозимов бо иттиҳомҳои "тасарруфи воситаи фондҳои кӯмаки хориҷӣ" ва "сохтакорӣ", парванда боз карда, баъди таҳқиқ онро ба додгоҳ фиристодаанд.
Маълум нест, ки додгоҳ нисбати Нозимов барои дуздии маблағи фонди хориҷӣ чӣ ҷазо таъин кардааст. Мақомот ҳамчунин нагуфтаанд, ки ин нафар пули кадом фонди хориҷиро дуздидааст.
Тибқи хабарҳои расмӣ, соли 2022 Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои беҳтар шудани низоми обрасонӣ дар шаҳри Кӯлоб 7,5 миллион доллар ҷудо карда буд.
Холид Ургенҷ, иҷрокунандаи нақши Султон Сулаймонро ба зиндон маҳкум карданд

Додгоҳе дар Истанбул ҳунарпешаи маъруфи синамои Туркия Холид Ургенҷро бо иттиҳоми шоҳидии бардурӯғ ба 1 солу 10 моҳи зиндон маҳкум кардааст. Ин парванда ба эътирозҳои соли 2013 дар боғи Ғозӣ рабт дорад, навиштааст ТАСС бо такя ба нашрияи Sözcü. Дар оғоз айбдоркунандаи давлатӣ хостори ҳукми 4 соли ҳабс ба ҳунарпешаи 55-сола буд, вале баъд бо сабаби ин ки ҳунарпеша гузаштаи ҷиноӣ надоштааст, ҳукмашро сабук карданд.
Худи Ургенҷ гуфтааст, ки аз ин ҳукм розӣ нест ва аз болои он шикоят хоҳад кард. Ӯ гуфтааст, ки “ҳеҷ гоҳ дурӯғ нагуфтааст ва аз болои ин ҳукм шикоят хоҳад кард”.
Ҳукми додгоҳи Истанбул рӯзи 22 май содир шудааст.
Парвандаи зидди Ургенҷ бар асоси таҳқиқи кори мудири синамо Оиша Барим сохта шудааст, ки моҳи январи имсол бо иттиҳоми ташкили намоишҳои эътирозӣ дар боғи Ғозӣ дастгир шуд. Ин амали Баримро талоши табаддулоти далватӣ номиданд.
Дар парванда гуфта шудааст, ки Барим бо ҳомии ҳуқуқ Усмон Кавала дар тамос шуд. Барим иттиҳомҳоро рад карда гуфтааст, ки ба боғи Ғозӣ бо ташаббуси худ рафатаст ва робитааш бо Кавала ба хотири ҳамкориҳои синамоӣ будааст. Фарҳангиёни Туркия парвандаи зидди Баримро маҳкум карданд.
Бисёриҳо ин мурофиаро дорои ангезаҳои сиёсӣ ва идомаи саркӯбҳо дар Туркия меноманд.
Холид Ургенҷ бо иҷрои нақши Султон Сулаймон дар сериали "Асри мӯҳташам" маъруф шудааст.
Дар беш аз се соли ҷанг дар зиндонҳои Русия беш аз 200 низомии украинӣ ҷон додааст

Хабаргузории Associated Press бо такя ба иттилои СММ, ҳомиёни ҳуқуқ ва мақомоти расмии Украина менависад, ки аз замони ҳуҷуми васеъмиқёси Русия ба хоки он кишвар, дар маҳбасҳои Русия беш аз 200 низомии украинӣ ҷон додаанд.
Дар гузориши ин хабаргузорӣ инчунин ба маълумоти як коршиноси тиббию додгоҳии украинӣ ҳам ишора шудааст, ки даҳҳо ҷасади низомиёни даргузаштаро ташхис намудааст. Яке аз сабабҳои марги низомиён, ба эҳтимоли зиёд, хушунат дар зиндонҳои Русия мебошад, гуфта шудааст дар ин гузориш.
Мақомдороне, ки дар ин гузориш ҳамчун манбаъ истифода шудаанд, мегӯянд, шумори низомиёни украинии дар зиндонҳои Русия даргузашта далели муносибати бераҳмона бо сарбозони асир дар маҳсабҳои ин кишвар мебошад.
Мусоҳибони оҷонсии хабарӣ гуфтаанд, ки дар бисёр ҳолатҳо ба Украина ҷасадҳои вайроншударо медоданд, то ки далелҳои шиканҷаи онҳо, аз ҷумла, гуруснагӣ, адами кӯмаки тиббӣ ва дигар ҳолатҳо пинҳон монад. Ин ҷасадҳо аз даҳҳо зиндону боздоштгоҳҳои саросари Русия дастрас шудаанд.
Мақомот дар Русия аз шарҳи ин маълумот худдорӣ кардаанд. Аз ин пеш мақомоти Маскав Киевро дар муносибати бераҳмона бо ҳарбиёни рус гунаҳгор кардааст. СММ ин иттиҳомҳоро қисман тасдиқ карда? вале айни замон гуфтааст, ки қонун дар бораи тарзи муносибат бо асирони ҷангиро ҷониби Русия назар ба Украина бештар ва сангинтар вайрон кардааст.
Дар як гузориши СММ дар соли 2024 омадааст, ки 95% низомиёни аз асорати Русия озодшуда нақл кардаанд, ки мавриди шиканҷаи доимӣ қарор гирифтаанд. Дар миёни навъҳои шиканҷа латукӯб, истифодаи электрошокер, буғӣ кардан, хушунати ҷинсӣ, сохтакории қатл, дар ҳолати барои ҷисми инсон дардовар соатҳо нигоҳ доштани асирон ва бехоб мондани онҳо ёд мешавад.
Нашри "Дилнома"-и Сафар Абдуллоҳ дар Душанбе

Дар Душанбе маҷмӯаи ашъори Сафар Абдуллоҳ – адабиётшиноси маъруфи тоҷики муқими Қазоқистон нашр шуд.
Хабаргузории “Азия Плюс” бо нашри ин хабар менависад, ки “Дилнома” - нахустин ашъори чопшудаи Сафар Абдуллоҳ дар Тоҷикистон мебошад, ки ба 70-солагии адиб бахшида шудааст.
Адабиётшиноси маъруф Абдунабӣ Сатторзода дар пешгуфтори китоб навиштааст, ки “Мавзӯъҳои меҳварии шеъри Сафар Абдуллоҳ инҳоянд: ишқ ба Ватане, ки аз он ба иллати бӯқаламуниҳои замонааш – фоҷеаи солҳо 90-ум дур аз ёру диёр афтода; меҳр ба ёре, ки аз ӯ дур дар Ватан монда; ёди падару модар ва бузургони илму адаби миллат, ки марги нобаҳангом онҳоро рабуд; баёни ҳоли хеш ва гузашти умр; ёди айёми ҷавонию рафтани он ва фарорасидани даврони пирӣ ва ғайра”.
Сафар Абдуллоҳ аз адабиётшиносони маъруф дар Эрону Афғонистон буда, солҳои зиёде ба ҳайси устоди Донишгоҳи равобити байнулмилал ва забонҳои хориҷии Қазоқистон кор кардааст.
Чин дар 80% ҳолатҳои давр задани таҳримҳо ба Русия ёрӣ кардааст

Мақомот дар Олмон дар як гузориши пӯшидае навиштаанд, ки ба Русия дар 80% ҳолатҳои давр задани таҳримҳо Чин кӯмак мекунад. Ин маълумот, ки дар гузориши ВКХ Олмон нашр шудааст, ба дасти хабарнигорони нашрияи Süddeutsche Zeitung ва шабакаҳои телевизионии NDR и WDR афтодааст. Дар ин санад хулосаҳои ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди Аврупо оид ба парвандаҳои хориҷӣ дарҷ ёфтаанд, ки рӯзи 20 май дар шаҳри Брюссел барпо гардид. Дар он имкониятҳои тавсеаи режими таҳримҳои зидди Русия ва самаранокии таҳримҳои то ҳол ҷоришуда баррасӣ гардид.
Дар гузориш омадааст, ки Иттиҳоди Аврупо ба ин назар аст, ки таҳримҳо то ҳол ба иқтисоди Русия ва, аз ҷумла, дар мубориза бо флоти ҳарбии соягии Русия таъсири амиқе гузоштаанд. Инчунин пешниҳоде садо додааст, ки соҳилҳои баҳрии Туркия, Ҳинд ва Малайзия, ки бештар аз дигарон бо ин киштиҳои сиррӣ сарукор мегиранд, мавриди таҳрим қарор дода шаванд.
Дар гузориш инчунин омадааст, ки Брюссел “ба баъзе пешравиҳо” дар маҳдудсозии содироти маҳсулоти вобаста ба ҷанг тавассути кишварҳои сеюми мисли Арманистон, Сербия, Узбекистон ва Ҳинд даст ёфтааст, вале ҳамоно бо Қазоқистон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Туркия бархе мушкилот вуҷуд дорад.
Дар ин санад таъкид шудааст, ки Иттиҳоди Аврупо дигар ба дастгирии ИМА дар мубориза бо давр задани таҳримҳо алайҳи Русия наметавонад умедвор шавад. Музокирот дар ин бахш ноком шуд. Аз ҷумла, гуфта шудааст, ки дар мавриди режими таҳрими Русия миёни Иттиҳоди Аврупо ва ИМА дигар ҳеҷ тамосҳои муштарак вуҷуд надорад ва суръати ҳамкориҳои миёни кишварҳои Ҳафтгона дар заминаи маҳдудиятҳои нав “кундтар мешаванд”.
Полиси Бритониё гуфт, ҳодисаи пахши издиҳом амали террористӣ нест

Шаҳрдори Ливерпул рӯзи 27 май гуфт, ки чор нафар аз маҷрӯҳшудагон дар натиҷаи бархӯрди мошине дар ҳолати «бисёр-бисёр» сангин қарор доранд. Рӯзи душанбе мошине издиҳоми мардумеро пахш кард, ки аз тамошои бозии Лигаи олии футбол берун шуда буданд.
Рейтерс навишт, полиси Бритониё гуфтааст, ки ин ҳодиса хусусияти инфиродӣ дорад ва амали террористӣ нест, ҳарчанд нагуфт, ки чӣ гуна ва чаро як ронанда тавонист мошинашро ба сӯи мардум ба ҳаракат дарорад.
Вақте мошин бозистод, даҳҳо нафари хашмолуд ба сӯи он шитофта, бо фиғон ба шишаҳояш заданд, то замоне, ки полис омада пеши роҳи онҳоро гирифт.
Полс гуфт, ки 20 нафарро дар ҷои ҳодиса ва 27 тани дигарро ба беморхонаҳо бурда ба онҳо ёрии тиббӣ расониданд. Дар миёни онҳо як нафарашон кӯдак буд.
Стив Ротерам, шаҳрдори Ливерпул ба BBC гуфтааст, ки ҳолати чор нафари онҳо сангин аст ва изҳори умедворӣ кард, ки тавонанд базудӣ аз ҳолати бӯҳронӣ берун шаванд.
Полис гуфт, ки бо гумони содир кардани ин ҳодиса як марди 53-солаи шаҳрванди Бритониё ва сокини Ливерпул боздошт шудааст.
Гуфтугӯ